Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
— Муаллима! Илтимос, ман як хоҳиш дорам. Ин ҳама пистаҳо ба шумо, гиред, гиред, бе пул, ҳа, бачаҳо, як сангпушт ҳам дорам, — гӯён аз даруни халтааш баровард, — ин тӯҳфа ба шумо... Ман ҳозир...
Писарак чолокона ақиби харсанг рафт. Ва лаҳзае пас як қабза гулҳои кӯҳии ҳафтрангро овард, ки бо коғази нам печонида буд.
— Ин ҳам ба шумо муаллима, фақат китоб биёретон, зорӣ мекунам, як китоб...
Дохили автобусро нафас чанд хомӯшии том фаро гирифт. Дар берун мошинҳои хел ба хел, одамони бегона ин сӯву он сӯ мегузаштанд.
— Чӣ хел китоб? Тааҷҷӯбомез савол дод муаллима.
— Китоби дарсии ҳарфҳояш калон-калон... Рангаву суратдор.
— Кӯшиш мекунам, бояд дар шаҳр бошад, — гуфт муаллимаи дигар...
— Ман мунтазир мешавам. Маро чанд бор одамон фириб доданд, ҳатто пуламро гирифта рафтанду дигар наистода мегузаштанд.
Ва писарак бо нигоҳи рахшону пурумед аз автобус поин фуромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё