Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
— Ҳо, кабк барин...
— Рӯбоҳ хӯрдагист...
— Ё гург...
— Дар ин ҷо гург намешавад, — гумони маро рад карда гуфт Юсуф.
— Балки будагист, — эътироз кардани шудам ман.
— Агар гург мешуд, дилаш он тараф истад, ноҳунашро ҳам тоза хӯрда мемонд. Ин — кори рӯбоҳ...
Баъд аз ин мо хеле вақт хомӯшона қадам задем. Қисмати кабки бечора ба мо сахт таъсир карда буд. Балки бача доштагист ва кабкбачаҳои бепушту паноҳ ба модарашон интизор будагистанд, гурусна мондагистанд...
— Дар табиат ҳамеша муборизаи беамон давом дорад, — айнан, монанди муаллими дарси ботаника гап зада гуфт ногоҳ Юсуф.
Мо беихтиёр хандида фиристодем ва дере нагузашта манзараи ҳузнангез аз ёдамон баромада рафту мо боз ба хандаву шӯхӣ сар кардем.
Дашт дар оқиб монд ва мо ба мобайни деворҳои баланди кӯҳсор даромадем. Шамол якбора ором шуда монд, танҳо аз боло, аз қуллаи кӯҳҳо шаввоси сусти он ба гӯш мерасид.
Хониши паррандагон ва фаррос зада паридани кабкон шунида мешуд. Алафи кӯҳ аз алафи дашт хеле баланд буда, пойҳомонро то ба зону аз шабнам тар мекард. Пуштаҳои сабзи дилфиреб, ки паси ҳам дар пеши назари мо падидор мешуданд, дилҳои моро ба сӯи худ мекашиданд. Ҳавои ин ҷо ҳам дигар хел, софу бегубор буд ва кас бо ҳаловат нафас мегирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё