Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Манзараи кӯҳсор чунон зебо ва гуворо буд, ки мо беихтиёр дар ҷоямон истода мондем.

— Чангу тӯфаланги шаҳрро хӯрда гашта будем-да? — гуфтам ман ва бо хурсандии фарёд кардам: — Рафтем. Юсуфҷон, рафтем!

Аммо хурсандии мо дер накашид. Ягон сад қадами дигар роҳ гашта будем, ки ногоҳ аз кадом гӯр як саги калони бадвоҳимае пайдо шуда монд. Саг дандонҳояшро гиз карда ғурросзанон ба сари роҳ баромад ва бо овози хирриаш ак-аккунон ба сӯи мо давид.

Чашмони сагро суп-сурх хун пахш карда буд. Мӯйҳои хокистаррангаш сих хеста буданд. Ҳар як пояш дасти одами калонсол барин ғафс буд. Дандонҳояш дароз-дароз, забонаш суп-сурх... Хайрият, гӯшҳояш буридагӣ буданд, вагарна мо ӯро гург мегуфтем.

Бо гӯшаи чашм оҳиста ба Юсуф нигоҳ кардам. Ранги рӯи ӯ сап-сафед канда, дар болои лабаш донаҳои калон-калони арак пайдо шуда буданд. Вай чашмони сиёҳи бузургшудаи худро аз саг канда наметавонист.

— Санг меғурронем, — гуфтам ман пичиррос зада.

— Мабодо ин номаъкулиро кунӣ, ки хом мехӯрад, — низ пичиррос зада гуфт Юсуф. — Хап истодан гир. Рост ба чашмаш нигоҳ кун, метарсад.

— Наметарсад...

— Аҳмақ, ба гапи одам гӯш кун! — гуфт боз Юсуф.

Намедонам, гапи Юсуф ҷон доштааст магар, ки

пешина
аз 184
навбатӣ