Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
Саг аз мо ягон панҷ қадам дуртар омада таққӣ дар ҷояш истод. Бо тааҷҷуб дидем, ки мӯйҳояш ҳам сих нахеста будаанду дандонҳояш ҳам дандони саги одӣ барин будааст. Саг ҳатто бехашму ғазаб, гӯё моро назараш нагирифта аккос мезад.
Дилам андаке ба ҷояш омад.
Оҳиста аз кисаам бурдаи нонро бароварда, ба саг дароз кардам.
— Маҳ. Йӯлбарс, маҳ!
Аммо саг ногоҳ ғуррос зада, бо пойҳои пешаш заминро ҳанҷол кард ва баланд-баланд аккос задан гирифт. Ҳар дам, гӯё ҳамла карданӣ шуда, пеш меомад. Ҳис кардам, ки аз тарс зонуҳоям ба ларза даромаданд.
— Наҷунб нагуфтам ман, наҷунб! — фашшос зада гуфт Юсуф.
Саг беш аз пеш хашмгин мешуд...
Намедонам, ин ҳолат чӣ қадар давом кард: эҳтимол аз панҷ дақиқа зиёд набошад, лекин ба назари ман як соли дуру дароз барин намуд.
Саг дум ҷунбонда, ором шуд.
Мо аз саг чашм канда, дар паҳлуи худ як марди қадбаландеро дидем, ки дар даст таёқи дарози нӯғкаҷе дошт. Дар сараш телпаки қирғизӣ. Миёни ҷомаи сиёҳи дарозаш бо тасмаи паҳни командирӣ баста шудагӣ. Аз таки ҷома гиребони гимнастёркаи хокиранг менамояд. Аз паси китфаш нӯки милтиқи шикорӣ баромада меистод. Рӯяш дар офтоб сӯхта, сиёҳча метофт. Чашмони танги бодомиаш ба мо беилтифотона назар мекарданд.
Ин одам, бешубҳа, чӯпон буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё