Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
Ӯ ба мо дуру дароз нигоҳ карда истод. Ҳеҷ гап намезад.
– Чӣ кор мекунед дар ин ҷо? – гуфт дар охир бо овози ғафсаш. Ӯ ба мо бо забони тоҷикӣ гап зад, аммо аз гап заданаш маълум буд, ки худаш тоҷик нест.
Мо чӣ гуфтанамонро надониста, ҳайрон-ҳайрон ба ӯ нигоҳ карда меистодем.
– Чӣ кор мекунед мегӯям, – бо дуруштӣ такрор кард марди милтиқдор. – Чӣ гуфта омадед ба ин ҷоҳо?
«Кӯҳ мулки падарат не-ку!» гуфтам ман дар дилам ва якбора шердил шуда, низ бо дуруштӣ ҷавоб додам.
– Ба лолачинӣ омадем!
– Ҳм... лолачинӣ... – зери лаб ғур-ғур кард чӯпон. – Аз даҳонаш бӯи шир меояду ба кӯҳ омадааст! Ягон фалокат шавад, ана баъд мебинед лолачиниро! Қара! – сагашро чеғ зад чӯпон ва ҳамон зери лаб ғур-ғуркунон дар байни алафҳо ғоиб шуда рафт.
– Бадҷаҳл мардак будааст, – арақи рӯи фарбеҳашро пок карда гуфт пас аз фурсате шах шуда истодан Юсуф. – Афташ тоҷик барин не-а?
– Қирғиз бошад даркор, – гуфтам ман.
– Қирғизҳо ҳамаашон ҳамин хел бадҷаҳл мешаванд?
– Не, – гуфтам ман, – дар байни ҳар як халқ як-та-нимта одами бад ёфт мешавад-да! Як сол дар ҳавлии холаам як оила қирғизҳо иҷора нишаста буданд, бисёр одамони нағз буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё