Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
Юсуф ногаҳ хандида гуфт:
– Лекин аз сагаш хуб тарсидем-куя, Ҳошим!
– Ин гапҳоро мону ба роҳ даро, – гуфтам ман. – Рӯз пешин шуд, охир!
Ягон сад қадам роҳ гашта будем, ки ба лаби як селроҳаи васеъ ва чуқуре расидем ва поён нигоҳ карда дидем, ки дар он канори селроҳа як авгули сафед истодаасту дар наздикии он галаи бузу гӯсфанд чарида гаштааст. Дар паси авул бояд дег гузошта бошанд, ки аз он ҷо дуди сафеди борике мебаромад. Дар назди авул як бача тани курта дастаки як асбоби бочкашаклро мегардонд.
– Маска ҷудо карда истодааст, – гуфтам ман.
Ба тарафи гала нигоҳ карда, як шахси сиёҳпӯшро дидем, ки хам шуда шиками гӯсфандеро даст-даст мекард.
– Ҳамон мардак, – гуфт Юсуф.
– Афташ дар гӯр, – рафтем, – Юсуф.
Мо маслиҳат карда, қарор додем, ки ба селроҳа нафуромада, лаб-лаби ҷарӣ равем, то ки боз ба он чӯпон вонахӯрем.
Пайраҳаи мо то рафт борик шуда, кӯҳҳо баландтар ва баландтар мешуданд. Мо ба тамошои гирду атроф ғарк шуда, чӯпони бадқаҳрро зуд фаромӯш кардем. Беҳад хурсанд будем ва хеле роҳ гашта бошем ҳам, ҳеҷ хастагиро ҳис намекардем. Кӯҳсор бошад, дар пеши назари мо манзараҳои нав ба нави аз якдигар зеботарро мекушод... Танҳо ҳаминаш буд, ки парандагон дигар хониш намекарданд, пашае пар намезад, хомӯшии сахте ҳукмфармо буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё