Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

данд. Вазифаи вай мардуми оддии бегуноҳро аз босмачиёни воқеӣ ҷудо сохта, ба ин васила артишро пароканда кардан ва юришро пешгирӣ намудан буд. Воқеаҳои дар очерк тасвиршуда гувоҳи ҳақиқатан қаҳрамонӣ кардани ин ҷавони шуҷоъ мебошанд. Тасвирҳо зинда, воқеаҳо диданӣ ва хонданӣ баён шуда, хонанда ҳақиқати зиндагии он замонро амиқ ва фасеҳ дарк мекунад.

Очерки дигар - «Фирор ва ҷасорат» ба корномаи аскарбачаи тоҷик Назар Қайюмов, ки дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ асир афтода, аммо аз асорати немисҳо гурехта, раҳо ёфта, ба ҳаракати партизанӣ ҳамроҳи коммунистони Югославия мепайвандад, қисса мекунад. Дар ин очерк воқеа ва лаҳзаҳои ҷолиб зиёд ёд мешаванд, аз ҷумла он ки аз роҳбари давлати Югославия ба тоҷикписар меданат ва номаи миннатдорӣ расидааст, он ки амали қасосгирии ҷанговари тоҷик аз фашистҳо чӣ гуна буд. Ба ин мақсад адиб на танҳо аз шунидаҳо, балки аз дафтари хотираи ҷанговар ҳам истифода мекунад. Ин кор асарро муассир ва боэътимод менамояд. Масалан: «03.06.44. Ҳаракати дастаи мо соати 6-и субҳ оғоз ёфт. 12 километр дуртар аз деҳа роҳи оҳан мегузашт. Бале, мегузашт. Ҳоло дигар намегузарад. Пеш бо ин роҳи оҳан фашистон ба ҷабҳа бар зидди ҳамватанони ман лавозимоти ҳарбӣ ва ғосибони худро мекашонданд. Акнун кашонида наметавонанд. Чунки бо динамит тарконда, харобу валангор кардем» (1,260). Ҷойи дигар мехонем: «24.07.44. Расо 7 моҳ мешавад, ки ман дар сарзаминҳои Италия ва Югославия партизан ҳастам. Мо аз хоб бо бонги хатар бархостем. Аслиҳаю лавозимотро фавран гирифта, ба кӯҳ баромадем. Гуфтанд, ки гурӯҳи фашистон меоянд» (1,265). Ҳамин хел дар ин очерк шунидаҳо, хондаҳо ва донишу ақидаи адиб ва малакаи зиндагии вай барои сохтани саҳнаҳо мусоидат мекунанд.

Дар очерки «Нури ҷовидони зузанаб», ки тасвир камтар ва андешаву шарҳ бештар аст, зиёдтар дидаву му-

пешина
аз 263
навбатӣ