Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
шоҳидаҳои муаллиф аз ҷанги Афғонистон истифода шудааст. Агар дигархелтар гӯем, аксаран худи воқеаҳо, ҳуҷуму муқовиматҳо, ҳатто манзараҳо ҳам ба таври айнӣ не, ба таври эҳтимолӣ, ҳамин хел буданаш мумкин буд, ё муаллиф ҳамин гуна мушоҳида кардааст, инъикос меёбанд. Аз воқеаҳои ҷангӣ танҳо ҳамон лаҳзаи қаҳрамонӣ, ки Александр Мироненко худро дар иҳотаи душманон тарконида, ба ин васила чанд нафари онҳоро низ нобуд карда буд, чун ҳақиқати таърихӣ инъикос меёбад. Сабаби истифодаи тахайюли публицистӣ, сохтани воқеаҳои шабеҳ дар он аст, ки муаллиф қаҳрамони очеркро надидааст, шоҳиди корномаиш набудааст, давраҳои наврасии ӯро ҳам аз волидайн ва наздикон шунида, бо назардошти замон ва майлу машғулиятҳои наврасон ба қалам овардааст.
Публицистикаи мавзӯи замони ҷанги адиби пуркори Бахтиёр Муртазо барои хонандаи имрӯза саҳифаҳои муҳими он таърихро бо далелҳои воқеӣ, бо ному нишонҳои аниқ равшан мекунад, хонандаро ба ватандӯстиву қаҳрамонӣ даъват ва тарбия менамояд. Дар айни ҳол дар ин очеркҳо бархӯрди гуногуни имрӯзиҳо ба фидоиёни Ватан низ инъикос меёбанд. Аксаран он қаҳрамонҳоро дӯст медоранд ва эҳтиром мекунанд, ному амали онҳо ба некӣ вирди забонҳост ва мисоли пайравӣ барои насли наврас мебошанд. Аммо одамоне низ ҳастанд, ки аз серии шикаму гуруснагии чашм на ҳамеша ба моҳияти он воқеаҳо ва қадри ин навъ инсонҳо мерасанд. Барои дарки ин ҳақиқат як воқеаро аз «Рӯҳи бешикаст» иқтибос мекунам: «— Шимо Фазлӣ Ҳодиев хонаи давлатиро ғайриқонунӣ ишғол намудаед, — мегӯяд муовини раис бе муқаддима ва бидуни ҳеҷ як пурсу пос. — Биноан аз ҳамин рӯз эътиборан аз хона маҳрум ҳисобида мешавед ва ҳуҷҷату калидро ҳатман ҳозир бояд оварда супоред!»
Ин таҳдиди бемаънӣ ва бидуни мулоҳизаи муовини камбин ва бефаросат ба амаки Фазлӣ чунон таъсири сахте

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё