Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
чизу чораи хонаро берун мекашад. Ҳамсараш Роҳила-апа бошад, дар даст таппончаро дошта, ононро посбонӣ мекунад» (1.218).
Ҷонварҳои ҳавлии командир ҷонварҳои ёдбуданд. Вай ёд ва азиз медорад гуфтани онро, ки кадом ҷонвар ба хотири Нур Мирзоев, кадомаш ба ёди Ёр Солеҳов... ҳамин тавр ҳамаи ҳашт ҷонвар ёди ёрони ҷавонӣ ва ҳамсангаронаш ҳастанд. «Инҳо нишонаҳои зиндаи дӯстони ӯянд, Командир-бобо ҳамеша дар ҳалқаи дӯстон аст, вай бо дӯстони хеш зинда аст» (1.219) - хулоса мекунад нависанда.
Очерки «Рӯҳи бешикаст» воқеан очерки мукаммал, муассир ва зебоест, ҳаёту корномавии як фарзанди оддии халқи тоҷик Фазлӣ Ҳодиевро дар бар мегирад, ки вай бо супориши хоса ба Афғонистон рафта, дар он ҷо барои татбиқи идеалҳои худ заҳмат кашидааст. Дар очерки мазкур лаҳзаҳо, воқеаҳои муассир зиёданд ва мавзӯи хеле ҷиддӣ ҳам дорад. Инро аз чунин матлаби расмии дар очерк истифодашуда низ дарк кардан мумкин аст: «Дар шаҳри Мазори Шарифи кишвари Афғонистон тақрибан понздаҳ ҳазор нафар собиқ босмачиён гирд омадаанд. Сагони бӯгири гитлерӣ дар гирду атрофи Кобул амир Олимхонро пайдо карда, бо фанду фириб охирин тангаю тиллои барои ҳайрат боқимондаи ӯро рабуданд. Онҳо бар ивази зар ваъдаи мақомоти узморо изҳор намуданд, ки ҳамин шабу рӯз Маскав таслим мегардаду аморати Бухоро боз аз нав зери нигини амир хоҳад шуд. Шарт фақат ҳамин, ки Саид Олимхон ба ҳукумати Гитлер сари вақт бояд хироҷ тодия намояд. Ҳамчунон амир ҳамин ҳоло хомӯш наишинаду тӯдаҳои мутабоқии лашкари исломро сарҷамъ карда, муқобили кофирони қаламрави Бухоро фиристад». (2.193) Ҳамин хел артише таҳти роҳбарии «каллабури гузаро хоҷӣ Расули Зулфиқор» таъсис меёбад. Он гоҳ донишҷӯи курси сеюми донишгоҳи омӯзгории шаҳри Сталинобод Фазлӣ Ҳодиевро ба Мазори Шариф фиристоданд. Дар он ҷо ҳамдеҳагонаш кам набу-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё