Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
бо забони тоҷикӣ навиштааст. «Садбарги зарин» бо забони ҳайратовар пургановату услуби олиҷаноб иншо шудааст. Он дар бораи маҳорати нависандагӣ ва асрори эҷодиёт аст. Нигоҳи ғайриодӣ ба офариниши асар ва ҷараёни эҷод- ин аст хулосаи мухтасари муҳтавои китоби мазкури нависандаи барҷастаи рус, ки роману повесту ҳикояҳояш осори классикии адабиёти асри XX маҳсуб мешаванд. Худи муаллифро таҷассуми одамгарӣ ва ҷавонмардии адибона, виҷдони замон мешумурданд».
Ёд дорам, вақте ман ба суханони самимии устод Гулназар гӯш медодам, як гуфтаи Темур Зулфиқоров ба хотирам расид: «Тарҷумон айнан ба мисли донор аст, ки хуни худашро ба дигарон мегузаронад».
Ба шарофати тарҷумаи Бахтиёр Муртазо номи нависандаи барҷастаи рус дар Тоҷикистон ҳам шӯҳрати бештар ёфт. Дар «Садбарги зарин» чунин суханонро мехонем: «Бузургтарин неъмат, ки ба мо аз даврони бачагӣ мемонад, дарки шоиронаи ҳаёт аст. Инсоне, ки ин неъматро маҳфуз медорад, ё шоир мешавад ё нависанда».
Тарҷума яке аз шаклҳои фаъоли робитаҳои адабист, воситаи муҳимтарини инсонӣ кардани адабиётҳост, заминан пайдоиши иттиҳоди адабист бо номи «Дӯстии халқҳо-дӯстии адабиётҳо».
Тарҷумаи бадеӣ дар ҳар кишвар бахши таркибии ҷараёни адабиро ташкил медиҳад ва бо дарназардошти сифат дар радифи асарҳои нависандагони худи пазируфта мешавад.
Дар Тоҷикистон ҳам тарҷума анъанаҳои пуркимати дерина дорад. Ба ин тарҷумаҳои олиҷаноби шоҳасарҳои классикони адабиёти ҷаҳонӣ ва муосир, ки солҳои гуногун аз ҷониби Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Раҳим Ҳошим, Ҳасан Ирфон, Ҳабиб Аҳрорӣ, Муҳиддин Аминзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бо-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё