Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

МАНСУР СУРУШ,
нависанда, шореҳи адабии
АМИТ «Ховар»

«САДБАРГИ ЗАРИН»
Бахтиёр Муртазо китоби Константин Паустовскийро ба тоҷикӣ тарҷума кард

ДУШАНБЕ, 30.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба наздикӣ маҷаллаи «Садои Шарқ» повести «Садбарги зарин»-и Константин Паустовскийро дар тарҷумаи нависанда Бахтиёр Муртазо ба нашр расонид. Ин асар барои ҳамаи эҷодкорон, ҳамаи онҳое, ки забони модариашон, табиат, Ватан ва одамонро дӯст медоранд, басо омӯзанда аст. Он на танҳо барои навкаламон, балки ҳатто адибони баркамол ҳам мактаби хуб аст.

Боре устод Гулназар дар як суҳбат бо ман чунин гуфта буданд:

«Вақтҳои охир бехобӣ мекашам, шояд бар асари синну
сол бошад. Як маротиба, чун хоб парид, аз рӯи одати дерин
даст ба ҷевони китобҳои паҳлуи рахти хоб бурда, таваккалан якеашро гирифта, ба хондан даромадам. Вай он қадар
маро ба худ кашид, ки дамидани субҳро нафаҳмида мондам. Китобе, ки ман аз он сар бардошта наметавонистам,
«Садбарги зарин»-и Константин Георгиевич Паустовский
дар тарҷумаи дӯстам Бахтиёр Муртазо буд, ки як замон бо
ӯ дар рӯзномаи ҷавонон кор мекардем. Чӣ ҷои гап, «Садбарги зарин» — шоҳкорист, китоб барои ҳамаи давру замонҳост. Вале ман ҳамзамон мафтуни забони мутарҷим
шудам, зеро тарҷума чунон моҳирона амалӣ гардидааст,
ки аз дили ман борҳо гузашт, ки Паустовский ин китобро

пешина
аз 263
навбатӣ