Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Истиқлол», «Нӯҳ ҷанори Балҷувону Баҳманрӯд», «Ҷавпазак», «Хӯшаҳо аз киштаҳо» (2 ҷилд), «Нурофарин» ва ғайра мебошад.

Соли 2009 барои романи мустанади «Накби Истиқлол» сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ гардидааст.

Соли 2008 барои қиссаи ҳуҷҷатии «Ман чароғ афрӯхтам» сазовори Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ шуд.

Иддае аз асарҳояш ба забонҳои русӣ, қазоқӣ, ӯзбекӣ, озарӣ, литвонӣ, эстонӣ тарҷума ва нашр шудаанд.

Бахтиёр Муртазо бар замми он ки рӯзноманигор, публитсист ва нависандаи хуб аст, тарҷумони чирадаст ҳам мебошад. Бо талош ва заҳматҳои ӯ қиссаи «Роҳи Каҳкашон»-и нависандаи баруманди қирғиз Чингиз Айтматов, романи «Сурх ва сиёҳ»-и Стендал, китоби «Садбарги зарин»-и Константин Паустовский ва чанд асари дигар бо забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудаанд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи Лоҳутӣ аст.

Бо нишони «Ситораи сурҳ» ва 15 медали ҷангию меҳнатӣ сарфароз гардонида шудааст.

Аз соли 1983 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Оиладор, соҳиби фарзандон мебошад.

пешина
аз 263
навбатӣ