Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Сохтмон мерафт ва дар бунёди он ҳазорон нафар заҳмат кашида буданд, воқиф мегардад. Ҳамчунин ҳангоми мутолиаи асар дар бораи таърихи бунёди нақби обрасонии Данғара, ки бо мақсади ба даштҳои ташнаи ин водӣ ҷорӣ намудани оби роҳатбахши дарёи Вахш ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани 154 ҳазор гектар замин бунёд ёфтааст, бо маълумоти ниҳоят ҷолиб шинос шудан имконпазир аст. Масалан, чунин омор ҷолиб мебошад, ки ба шарофати обёрӣ гардидани ин миқдор замини водии Данғара дар як сол 64 ҳазор тонна пахтаи аълосифат, 358 ҳазор тонна ангур, қариб 20 ҳазор тонна сабзавот, бештар аз 10 ҳазор тонна маҳсулоти полезӣ, мева ва картошка ба даст овардан мумкин аст [7]. Бо ин роҳ нависанда нишон медиҳад, ки дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бештар аз 94 дарсади он кӯҳсор мебошад, бунёди роҳу нақбҳо ва дигар шабакаҳои иртиботӣ то чӣ андоза муҳим мебошад...
Боби «Муҳриба бо юз» аз расидани номаи Шералӣ ба дӯсташ Мафтун шурӯъ мегардад, ки дар он дар бораи аз нав шурӯъ гардидани корҳои сохтмонӣ дар нақби Анзоб бо ташаббуси Сардори давлат иттилоъ дода мешавад. Шералӣ бо мақсади омодагӣ ба ин иқдоми Сарвари давлат ба мавзеи Себистони Данғара омадани дӯсташ Мафтунро хоҳиш карда буд. Ин нома дар он рӯз ба дасти Мафтун мерасад, ки табъи ӯ ниҳоят хира буд, зеро ҳамон рӯз бузголаи дӯстдоштааш Чамангул тӯъмаи юз гардида буд. Ҳарчанд Мафтун ҳайвони даррандаро бо зӯри бозувонаш нобуд менамояду боиси таҳсину офарини ҳамдеҳагон мегардад, вале ҷони Чамангулро аз чанголи ваҳшӣ халос карда наметавонад. Сабаби тангдизову озурдахотиринии ӯ низ дар ҳамин буд. Қаблан низ Мафтун барои нобуд кардани саркардаи галаи гургон, ки шабона ба чорвои хонагии мардуми деҳа ҳамла карда, ба мардум талафоти зиёд расонда буданд, боиси чунин таҳсину офаринҳо гардида буд. Дар чунин рӯз расидани номаи дӯст як андоза боиси рафъи озурдахоти-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё