Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

аз муовини вазир хоҳиш кардааст, ки ба домодаш дар вазорат ягон кор ёбад. Ӯ ба ҳамсараш ҷавоб медиҳад, ки пешниҳоди таҳсилро қабул дорад, аммо дар вазорат кор кардан намехоҳад, зеро касби худро дӯст медораду бо он ифтихор дорад. Дар ҷавоби ин Фароғат ба шавҳарак бо ситеза мегӯяд: «То ба кай суғур барин дар байни сангу хок гор мекобед. Аз гӯшту равғани суғур бӯйи хок меояд, аз сару тани шумо ҳам ба димоғи кас бӯйи хоки пурнаму зах мерасад». Дар ҷавоби ин суханон Мафтун ба ҳамсараш «калламушӣ идора шудан намехоҳам» мегӯяд [ниг.:7, с.156-162].

Нависанда дар ин фасл ҳикмати сайёдони солхӯрдаи Зидеҳ – «Уқоби кӯҳӣ ҳаргиз дастомӯз намешавад»-ро бо рафтори Мафтун қиёс менамояд. Мафтун ҳам монанди уқоби кӯҳӣ мехоҳад, ки роҳи ҳаёташро на дигарон, балки худаш муайян кунад. Аз ин рӯ пешниҳоди ҳамсару падарарӯсашро дар мавриди гузаштан ба кори вазорат рад менамояд.

Дар боби «Роҳ – фарҳанги диёр» Мафтун ҳамчун донишҷӯйи шуъбаи ғоибона Донишгоҳи кӯҳшиносии Тула тасвир ёфтааст. Номбурда дар ин донишгоҳ бо профессор Александр Иванович Зуйков, ки солҳои зиёд асрори кӯҳҳои Тоҷикистонро омӯхта, доир ба сохтмонҳои зеризаминӣ чандин дастуру рисола ва асарҳои илмӣ эҷод карда буд, шинос мешавад. Профессор Зуйков чун мефаҳмад, ки Мафтун аз мавзеи Зидеҳи Тоҷикистон асту дар сохтмони нақби Анзоб кор мекунад, таваҷҷуҳаш ба ин ҷавон зиёд мегардад. Зимни суҳбати хоса ба Мафтун маълум мегардад, ки Александр Иванович на танҳо дар бораи зодгоҳи ӯ, балки дар бораи ҳар як кӯҳи атрофи Зидеҳ маълумоти хуб дорад. Профессор Зуйков аз ҷараёни сохтмони нақби Анзоб пурсон мешавад ва вақте ки аз суст будани ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот огоҳ мегардад, бисёр таассуф мехӯрад. Бо назардошти кӯҳсор будани Тоҷикистон ӯ сохтмони силсилаи нақбҳоро дар ҷумҳурии мо ниҳоят зарур

пешина
аз 263
навбатӣ