Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Меҳисобад. Мафтун ин марди донишмандро ба зодгоҳаш ба меҳмонӣ даъват менамояд, вале Александр Иванович бо сабаби пиронсолию серкорӣ ин пешниҳодро рад менамояд ва ба Мафтун як китоби худро, ки доир ба назарияи корҳои накбканӣ ва сохтмони накб бо усули таркиш буд, ба Мафтун тақдим мекунад. Ҳамчунин Мафтунро насиҳат менамояд, ки ҷавононро ба хондан ташвиқ кунад, то асрори кӯҳҳои диёрашонро омӯзад ва ганҷҳои он ба манфиати халқу ватан истифода шаванд. Баъди хатми соли аввали таҳсил Мафтун ба Ватан бармегардад ва дар истгоҳ тасодуфан бо муаллими варзиши мактабашон, ки аз ӯ дарси машки бадан гирифта буд, вомехӯрад ва бо мошини ӯ ба зодгоҳаш меравад. Ҳангоме ки Мафтун дар Зидеҳ аз мошин фаромада, ба муаллим изҳори ташаккур ва хайрухуш мекунад, беихтиёр чашмаш ба теппаи мавзеи Деҳи Калони Қасабаи Зидеҳ меафтад. Аз баландии ин теппа духтараки сарвкади пероҳани бунафшаранг ба бар ва рӯймоли гулобӣ бар сар ба сӯйи ӯ менигарист. Ин духтар Зуҳал буд. Мафтун бо дидани Зуҳал худро дар тақдири ӯ гунаҳгор ҳис карда оҳиста-оҳиста сӯйи ҳавлиашон равон мешавад... [ниг.: 7, с.163-169].

Дӯстони Мафтун – Шералӣ ва Ҷобирбек омадани Мафтунро шунида ба дидорбинӣ меоянд. Суҳбати дӯстон дар гирди дастархон то нимашаб давом мекунад. Мафтун ба дӯстонаш дар бораи таҳсили худ дар Донишгоҳи кӯҳшиносии Тӯла ва шиносоиаш бо профессор Зуйков ҳикоятҳои ҷолиб мекунад. Баъди рафтани меҳмонон ҳамсари Мафтун – Фароғат ба ӯ: «Дадам шуморо пурсида буданд, ба шумо гап доштаанд. Ба ҳавлӣ рафта, он касро хабар мегирифтед, нағз мешуд», – мегӯяд ва бори дигар дар фикри пешравию беҳбудии кори Мафтун будани падарашро ёдрас менамояд. Мафтун бевақт шуданро баҳона пеш меорад. Аз ин рафтори Мафтун димоғи Фароғат месӯзад, зеро ба ӯ ин «Уқоби Кӯҳиро дастомӯз кардану ба майлу муроди худ истифода

пешина
аз 263
навбатӣ