Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

дани роҳи ағбаи Анзобро дорад ва дар ин кор ба ӯ шарикони хориҷиаш ёрӣ хоҳанд расонд. Ӯ ҳамчунин мехоҳад, дар оянда нақби Анзобро низ ба итмом намуда, дар ағбаи Шаҳристон низ нақб бунёд кунад. Бобозода ҳамчунин хабар медиҳад, ки ҳуҷҷатҳои ин сохтмон ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд ва дар сурати оғози кори сохтмон онҳо метавонанд ҳамчун мутахассисони варзида дар корҳои роҳбарии он иштирок намоянд. Бо ин мақсад Бобозода пеш аз хайрухуш рақамҳои телефон ва суроғаи хобгоҳи Мафтуну Шералӣ ва Ҷобирбекро дар дафтарчайи кисагиаш навишта мегирад [ниг.: 7, с. 185-209].

Мафтуну Шералӣ ва Ҷобирбек аз ин иқдоми соҳибкор Бобозода ниҳоят хурсанд мешаванд ва пас аз гусел намудани ӯ боз чанд муддат дар қаҳвахона нишаста онро муҳокима менамоянд ва аз он шукр мекунанд, ки Бобозода барин фарзандони баномуси Тоҷикистон имрӯз барои ободонии диёри худ иқдом намуда истодаанд. Дар хобгоҳ ҳам он рӯз мавзӯи суҳбати дӯстон дар бораи иқдоми ин соҳибкори тоҷик буд. Ҳарчанд баъзе нуктаҳои лоиҳаи пешниҳоднамудаи Бобозода ба назари дӯстон шубҳаовар менамуд, орзу доштанд, ки кош, лоиҳаи Бобозода тасдиқ гардаду эшон ба Тоҷикистони азиз баргарданд ва барои обод намудани Ватан аз нав камари ҳиммат банданд [ниг.: 7, с. 209-211].

Ҳамин тариқ Мафтуну Шералӣ ва Ҷобирбек то як поси шаб дар хобгоҳ чой нӯшида, дар бораи нақшаи соҳибкор Бобозода фикру ақидаи худро баён медоранд. Дар аснои суҳбат Шераливу Ҷобирбек хоб мераванд, вале он шаб Мафтун хоб рафта наметавонад. Ӯ аз як паҳлу ба паҳлуи дигар гашта, гоҳ дар бораи суханони охирини Фароғат фикр мекарду баъзан иқдоми Бобозодаро дар хаёлаш муҳокима менамуд. Дар ҳар сурат ӯ иқдоми Бобозодаро кори хайр ва ба нафъи мардуми диёр меҳисобид ва онро бо рафтору амали баъзе аз мансабдорони навбаромад, ки манфиати халқу ҷамъиятро қурбони манфиати шахсӣ менамуданд,

пешина
аз 263
навбатӣ