Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
муқоиса мекунад. Зимнан бунёдкориҳои баъзе роҳбарон дар солҳои шӯравӣ ба ёди ӯ меоянд. Ӯ аз он афсӯс мехӯрд, ки дар солҳои истиқлолият баъзе роҳбарони навбаромад, иншоотҳои ҷамъиятиро вайрон карда, аз масолеҳи сохтмони он барои худ хонаҳои чандошёна месозанд. Гарқи чунин андешаҳо Мафтун субҳидам каме ғанаб меравад [ниг.: 7, с. 211-219].
Боби панҷуми асар, ки «Нанги ватандорӣ» унвон дорад, оғоз ва идомаи мантиқии боби аввал - «Муҳориба бо юз» мебошад. Ин боб аз он оғоз меёбад, ки дар яке аз рӯзҳои моҳи феврали соли 1999 аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарвари муассисаи нақбсозии Данғара Ҷумъахони Зуҳур хабар дода мешавад, ки дар бораи нақби Анзоб фикру мулоҳизаҳояшро омода намояд, зеро пас аз чанд рӯз ба ҷаласа даъват карда мешавад. Баъди чанд рӯз дар ҳузури сардори давлат ҷаласа доир мегардад ва Ҷумъахони Зуҳур дар бораи корҳои иҷрошуда дар сохтмони нақби Анзоб фикру мулоҳизаҳояшро баён медорад. Дар ин ҷаласа ба Вазорати нақлиёт супориш дода мешавад, ки роҳи мошингарди ағбаи Анзоб ҳар чӣ зудтар аз барф тоза карда шавад, зеро рӯзи бистуми май сохтмони нақби Анзоб дубора оғоз меёбад. Дар ин ҷаласа зарурати бунёди нақби Анзоб ва аҳамияти он ба хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва пешрафти иқтисодиёти мамлакат муҳим арзёбӣ карда мешавад. Дар қатори дигар муассисаҳои сохтмонӣ ба бунёди нақби Анзоб сафарбар намудани нақбсозони Данғара низ таъкид мегардад. Баъди ин ҷаласа сардори муассисаи нақбсозони Данғара Ҷумъахони Зуҳур ба сардори дастаи нақбканон Шералӣ Файзалӣ супориш медиҳад, ки ин хабари хушро ба дӯстони худ расонад:
«Ба Ҷобирбек хабар расон, ки аз Такфон бо мошини сари роҳ дар муҳлати таъйиншуда ба дарвозаи шимолии нақби Анзоб ҳозир шавад, лекин ба Мафтун хабар деҳ, ки зудтар ба Себистон биёяд. Ман бо ӯ маслиҳат дорам», - ме-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё