Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ибрат дониста мешавад. Иқдоми корхонаи «Тоҷиксемент» низ дар ин самт ситоиданӣ мебошад. Нависанда ҳамчунин иқдоми раиси хоҷагии Анзоб Муллораҳим Аслиддиновро, ки дар як моҳ як маротиба тамоми кормандони сохтмонро аз ҳисоби худ нону таом медод, ситоиш менамояд. Ҳайати муҳандисону сохтмончиёни нақби Анзоб ҳамчунин аз маслиҳатҳои неки ин марди соҳибдил бархӯрдор мегардиданд. Дилсӯзии Муллораҳим Аслиддиновро ба сохтмони нақби Анзоб нависанда ба он монанд мекунад, ки гӯё нақби Анзоб сохтмони шахсии ин марди ватандӯсту баномус бошад. Ҳатто намояндагони як кишвари хориҷӣ дар вақти шинос шудан ба шароити кори сохтмончиён ба тарзи ташкили кор баҳои баланд медиҳанд... [ниг.: 7, с. 243-246].

Мафтун, ки нақбканиро ҷабҳаи пеши муҳориба меҳисобид, баъди дубора оғоз ёфтани корҳои сохтмонӣ дар нақби Анзоб вай боз сардори бригадаи нақбканон таъйин мегардад. Шогирдони собиқи ӯ Азизу Карим, ки баъди муҳоҷирати чандсола ба наздикӣ аз Россия баргашта буданд, аз нав ба бригадаи Мафтун шомил мешаванд. Бо пешниҳоди Азиз рафиқони эшон Маҳмуду Ислом низ ба ин бригада ба кор қабул мегарданд. Ин ду нафар низ қаблан дар бригадаи дигар нақбкан буданд. Шералӣ ҳам ба сардории бригадаи нақбканон ва Ҷобирбек ба сарварии бригадаи бетонрезон вазифадор мешавад [ниг.: 7, с. 246-249]. Дар рӯзи аввали кор Мафтун мошини нақбканиро ба кор медарораду шогирдонаш дастӣ ба нақбканӣ машғул мегарданд. Ҳангоме ки теги комбайни нақбканӣ ба қалби хоросанг бархӯрда онро тасхир менамояд, Мафтун дили ҳамсараш – Фарогатро бо хоросанг муқоиса менамояд ва ба худ мегӯяд: «Кошкӣ, дили Фарогат ақаллан мисли ҳамин хоросанг мебуд, ки тасхир мегардид» [7, с. 253]. Баъдан ӯ худ ба худ ба хулоса меояд, ки дили Фарогат аз хоросанг ҳам сахттар аст [ниг.: 7, с. 253].

Шогирдони Мафтун ҷавонони лаёқатманд буданд ва Мафтун аз лаёқати онҳо қонеъ буд. Онҳо саривақт сӯро-

пешина
аз 263
навбатӣ