Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Ҳассисони деҳоти атроф, ки қаблан ба ин ҷо омада буданд, онҳоро пешвоз мегиранд. Омодагӣ ба оғози дубораи сохтмони нақб шурӯъ шуда, компрессори ҳаводиҳанда, коргоҳҳои бетоншӯрӣ, сангшикан, захираҳои семент ба кор омода мегарданд. Дигар нуқтаҳои муҳими сохтмон низ тайёр карда мешаванд. Ҳамин тавр рӯзи 20-уми майи соли 1999 кори сохтмони нақби Анзоб дубора оғоз меёбад. Ба ин муносибат дар назди даромадгоҳи шумолии нақб ҷамъомад баргузор мегардад, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва сухан мекунанд [ниг.: 7, с. 239-241]. Нависанда дар ин қисмати асар муҳимтарин нуқтаҳои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро иқтибос овардааст. Дар ин иқтибосҳо бештар сухан дар бораи нақши сохтмони нақби Анзоб дар таҳкими истиқлолияти миллӣ ва иқтисодиёти кишвар меравад [ниг.: 7, с. 241-243].
Мафтуну Шералӣ ва Ҷобирбек ҳамроҳи дигар дӯстону ҳамкорон дар як саф истода, суханони пурмуҳтавои сарвари давлатро гӯш мекунанд. Бо ҳамин дар сохтмони нақби Анзоб марҳилаи нав оғоз меёбад. Бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла норасоии масолеҳи сохтмону сӯзишворӣ, саривақт пардохт нагардидани маош, нақбканон техникаи кӯҳнаро ба кор дароварда, бо ғайрату фидокорӣ заҳмат менамуданд ва дар як моҳ аз 50 то 80 метр нақб меканданд. Аз як тараф, суханони сарвари давлат онҳоро рӯҳбаланд намуда буду аз тарафи дигар, нангу номуси ватандорӣ ғайрату фидокории эшонро дучанд менамуд. Сохтмони нақби Анзоб дар як муддати кӯтоҳ ба ҷабҳаи нангу номуси ватандорӣ табдил меёбад. Вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ сарфи назар аз душвориҳои дохилӣ нақбканонро бо сару либос ва хӯрокворӣ таъмин менамуданд. Аз ҷумла иқдоми корхонаи кимиёвии Исфара, ки дар вазъияти ногувории молиявиаш ин сохтмони сарнавиштсозро ба таври ройгон бо маводи тарқанда таъмин менамуд, шоистаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё