Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

бариятро огоҳ намояд. Мафтун ҳам аз зиёд гардидани бӯйи рутубат инро пай мебурд. Ҳангоме ки об фаввора зада мебарояд, зарурати ташкили бригадаи иловагии насосҳои обкашӣ ба миён меояд ва бо пешниҳоди Мафтун Ҷобирбек Сардори ин бригада тайин мешавад. Ин бригада хуб фаъолият нишон дода, садамаро бартараф менамояд ва ҳамеша барои бартараф сохтани чунин садамаҳо дар ҳолати омодабош қарор дошт, зеро дар ҳар мавзеи нақб баромадани чунин фаввораҳои об ҳар лаҳза имконпазир буд... [ниг.: 7, с. 257-260].

Баъдан нависанда дар бораи оғози корҳои сохтмонӣ дар қисмати ҷанубии нақби Анзоб, ки ба сохтмони нақб суръати тоза бахшид, сухан меронад. Ин, пеш аз ҳама, иқдоми навбатии Сардори давлат буд, ки 5-уми сентябри соли 2001 дар арафаи 10-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ба вуқӯъ пайваст. Дарвозаи ҷанубии нақби Анзоб дар мавзеи Уштурбулоқи ноҳияи Варзоб мебошад. Барои оғози корҳои сохтмонӣ дар мавзеи ҷанубии нақб аз мавзеи Майхура то маҳалли сохтмон қариб 13 километр роҳи мошингард сохта шуда, дар наздикии дарвозаи ҷанубӣ барои 150 нафар коргар хобгоҳ бунёд гардид, ҳамчунин хати интиқоли барқ кашида, васоити техникии зарурӣ оварда шуд [ниг.: 7, с. 263-264].

Қабл аз шурӯи корҳои сохтмонӣ дар қисмати ҷанубии нақби Анзоб Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалли сохтмон бо коргарону мутахассисон мулоқоти хоса анҷом доданд. Баъдан дар комбайни нақбканӣ нишаста, ба корҳои сохтмонӣ дар қисмати ҷанубии нақби Анзоб оғози расмӣ бахшиданд. Дар ҷамъомаде, ки ба ин муносибат дар майдони назди дарвозаи ҷанубии нақб доир гардид, роҳбари сохтмон аз корҳои дар минтақаи шимол анҷомёфта гузориш дод. Тибқи гузориши ӯ аз оғози дубораи корҳои сохтмонӣ (аз 20-уми майи соли 1999) то 5 сентябри соли 2001 дар қисмати шимолии нақби Анзоб

пешина
аз 263
навбатӣ