Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
1545 метр нақби нақлиётӣ ва тақрибан ҳамин қадар нақби ҳаводиханда канда шудааст. Сохтмончиён дар ҳамин ҷо уҳдадор шуданд, ки минбаъд ҳар моҳ то 200 метр нақб хоҳанд канд. Сарвари давлат изҳори доштанд, ки бо назардошти аҳамияти нақби Анзоб дар хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва минтақа ҷараёни сохтмони онро таҳти назорати шахсӣ гирифтаанд [ниг.: 7, с. 264-266].
Барои таъмини пешрафти кори сохтмон Мафтун бо аъзои бригадааш ба қисмати ҷанубии нақб сафарбар карда мешавад. Ба бригада ба ҷойи Азиз, ки бо пешниҳоди худи Мафтун ба бригадаи насосҳои обкашӣ гузаронида шуда буд, Саттор ном ҷавон ба кор қабул карда шуда, дар давоми се рӯз мустақилона нақб канданро меомӯзад... [ниг.: 7, с. 266-269].
Боре ҳангоме ки бригадаи Мафтун саҳаргоҳон ба кор мерафт, ҳаво боронӣ буд ва баъди баргаштан аз шуълаи нурҳои офтоб ҳарсангҳои кӯҳсор тафсида буданд. Ин ҳолати муқаррарии табиати кӯҳистон ба ёди ӯ айёмеро овард, ки бо Фарогат дар Себистон умр ба сар мебурд. Боре дар чунин ҳавои боронӣ баъди кор ӯ хоҳиши ҳамкоронро барои нишастан дар ошхонаи сари роҳ ва «шустани чангу ғубор аз шушҳои худ» рад намуда, ба хона омада буд, то агар Фарогат аз мактаб ба хона хастаҳол омада бошад, ба ягон кораш ёрӣ расонад, аммо дар хона ӯ ҳамсарашро бо абрӯйи пурчин дида, аз дил гузаронд, ки шояд ягон мушкилӣ боиси тангдилии Фарогат гардида бошад... Дар чунин ҳолатҳо ӯ мекӯшид, ба ҳамсараш меҳрубониҳо намуда, табъи ӯро болида дорад, зеро медонист, ки каҷфаҳмиҳои байни зану шавҳар тадриҷан боиси вайрон гардидани пойдевори оила мешавад. Ин дам ба ёди Мафтун муносибати хуб ва эътимоду боварии ба ҳамдигар доштаи падару модараш омад. Ӯ низ бовар дошт, ки бо ҳамсараш мисли падар муносибату эътимод хоҳад кард, вале Фарогат дар муҳити тамоман дигар тарбия ёфта буд. Ҳамон рӯзе, ки ӯ дар хонаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё