Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
падараш ба Мафтун «аз назарам гум шавед!» гуфт, гӯё пойдевори оилаи ӯ футур рафт... [ниг.:7, с.269-272].
Боби шашуми асар – «Дасти дӯст» аз он оғоз меёбад, ки дар накби ҳаводиҳандаи самти ҷанубӣ резиши калон ба вуҷуд меояд. Ҳангоми ба ин нуқта расидани корҳои нақби нақлиётӣ низ дар ин ҷо резиши зиёди сангу хок ба амал меояд, ки ин аз суст ва резишӣ будани ҷинсҳои ин минтақаи сохтмон гувоҳӣ медиҳад. Дар натиҷаи чунин вазъи садамавӣ корҳои сохтмонӣ дар самти ҷанубии нақб амалан қатъ мегардад. Ҳарчанд сангу хоки фурӯрехтаро ба мошинҳо бор карда мекашонданд, резиш қатъ намегардид. Аз ин ҳолат табъи Мафтун хира мешавад. Ӯ ду рӯзи рухсатии чоррӯзаашро барои таъмири мошини нақбкандӣ ва дигар асбобу олоти зарурӣ сарф карда, ба зодгоҳаш меояд. Мехост, аз аҳволи хонаводаи бародараш Меҳрафзун хабар гирифта, дар бозгашт ягон чорвои бародарашро сар занаду ба ҳамкоронаш як миқдор гӯшту маҳсулоти хӯрока орад [ниг.:7, с.280].
Мафтун дар сари дастархон нишаста ҳамроҳи аҳли оилаи бародараш хӯроки шом тановул мекард. Ӯ гоҳ дар бораи вазъи садамавии дар нақби Анзоб баамаломада фикр мекарду гоҳ фарзандони бародарашро дида, писари ягонааш Мафтунро ба ёд меовард. Дар ҳамин лаҳза хабаре, ки аз телевизиони ҷумҳурӣ пахш шуд, риштаи хаёлоти ӯро канда намуд. Корманди масъули Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ дар бораи эълон гардидани тендер барои бунёди нақби Анзоб ва дар ин тендер ғолиб омадани ширкати «Собир-байналмилал»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ дод. Гуфта мешуд, ки ин ширкат уҳдадор гардидааст, ки нақби Анзобро дар муддати 20 моҳ ба маблағи 39 миллион доллар ба анҷом расонад. Як қисми ин маблағи сохтмонро кишвари дӯсти Эрон кӯмак намуда, қисми дигари он аз тарафи ин кишвар ҳамчун қарзи дарозмуддат пешниҳод мегардад, маблағи боқимонда аз буҷети ҷумҳурӣ пардохта хоҳад шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё