Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
шавад. Баъди муоинаи резиши калони дар самти шимолии нақб бавучудомада баъзе коршиносону мутахассисон бартараф кардани онро ғайриимкон ҳисобида, пешниҳод менамоянд, ки меҳвари нақб тағйир дода шавад. Дар ин муддат дар самти шимолӣ низ корҳо суст ҷараён дошта, дар як моҳ 30-40 метр нақб канда мешуд. Моҳи апрели соли 2004 дар самти ҷанубии нақб боз резиши аз пештара калонтар ба амал меояд ва боз мутахассисон тағйир додани меҳвари нақбро роҳи ягона меҳисобанд. Ин вазъи буҳрониро ба ҳисоб гирифта, ширкати «Собир» мутахассиси хеле кордону пуртаҷриба Алӣ Мӯсавӣ Раҳимиро ба Тоҷикистон мефиристад. Ин шахси кордон, ки аз айёми донишҷӯӣ дар сохтмонҳои азим фаъолият намуда буд, ҳангоми мулоқот бо мутахассисону коргарони тоҷикистонӣ бо Мафтун шинос гардида, аз муҳандиси пуртаҷриба будани ӯ воқиф мегардад ва баъди омӯзишу баррасии вазъият 38 нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаро аз Эрон даъват менамояд. Бо сарварии Мафтун аз ҳисоби мутахассисони тоҷик низ бригадаи алоҳида ташкил менамояд, ки ба он Шеравливу Ҷобирбек низ шомил буданд. Ҳамин тавр мутахассисони эрониву тоҷик паҳлуи ҳам истода резишро, ки бештар аз 40 метрро фаро мегирифт, бо усули тазриқ ё мустаҳкам кардани ҷинсҳои кӯҳӣ тавассути равона кардани дӯгобаи семент бо фишори баланд бартараф менамоянд. Мафтуну дӯстонаш Шеравливу Ҷобирбек ва дигар аъзои бригада аз мутахассисони эронӣ ин усули корро меомӯзанд [ниг.:7,с.289-313].
Баъди бартараф кардани резиш ҷараёни кор дар самти ҷанубии сохтмони нақб хуб ҷараён мегирад, аммо дар самти шимол вазъи корҳо беҳбудиро мехост. Дар иртибот ба ин моҳи декабри соли 2004 аз ҷониби Эрон муҳандис Алӣ Мӯсавӣ Раҳимӣ мудири пружаи сохтмони нақби Анзоб тайин мегардад. Баъди баррасии вазъи тамоми сохтмон мудири нави пружа ба самти шимол низ мутахассисони эрониро сафарбар менамояд. Акнун дар маҷмӯъ теъдоди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё