Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

АдабиётМаърифат
Аз аввал хондан

мутахассисони эронӣ дар ин сохтмони муҳим ба 70 нафар мерасид. Инчунин теъдоди зиёди мошинҳои ҳаффорӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ ба сохтмон ворид карда мешавад. Муҳандисон ва мутахассисону нақбканони тоҷик низ дар пешрафти кор саҳми хуб мегузоштанд. Аз ҷумла фаъолияти Мафтун ва бригадаи ӯ ба мудири пружа ниҳоят писанд буд. Ҷаноби Раҳимӣ махсусан ҷасорату ғайрати Мафтунро маъқул меҳисобид. Аз ин рӯ бо супориши мудири пружа Мафтун дар як муддати кӯтоҳ идора кардани мошини нақбкании истеҳсоли Финляндияро, ки ҳамзабонони эронӣ онро мошини «Ҷомбу» меномиданд, меомӯзад. Кор бо ин мошин нисбат ба комбайни нақбкании «4-ПП-2»-и истеҳсоли Украина осонтару сабуктар ва маҳсулнокии он бештар буд. Идора кардани ин мошинро Мафтун ба дӯстонаш Шералӣ ва Ҷобирбек низ меомӯзонанд [ниг.: 7, с. 313-315].

Баъди хуб ташкил намудани корҳо дар самти шимолии сохтмони нақб Шералӣ дар ин мавзеъ аз нав сардори бригадаи нақбканон таъйин мегардаду Мафтун дар ҷануб бо бригадааш фаъолияти нақбканиро давом медиҳад. Ба зиммаи Ҷобирбек дар қисми ҷанубии сохтмон сарварии бригадаи бетонкорон вогузор мешавад. Ҳамсари Ҷобирбек – Соҷида низ дар ин мавзеъ ба кори озмоишгоҳ шомил мегардад. Ба шарофати ташкили дурусти кор нақбканӣ ҷараёни хуб пайдо намуда, моҳи декабри соли 2004 аз ду самти сохтмон дар маҷмӯъ 50 метр нақб канда мешавад. Чунин муваффақият дар пешрафти кор боиси рӯҳбаландии муҳандисону нақбканон ва эътимоди бештари онҳо ба кор мегардад, аммо дар моҳи январи соли 2005 аз боиси боридани барфи зиёд ва яхбандӣ рафтуомад ҳам дар самти шимол ва ҳам дар самти ҷануби нақб душвор мегардад. Бо вуҷуди душвориҳо нақбканон аз комёбиҳои моҳи гузашта рӯҳбаланд гардида, пиёда ба кор мерафтанд ва дар ин моҳ 300 метр нақб канда мешавад. Ҳарчанд дар моҳи феврали ҳамин сол дар қисмати ҷанубӣ ба муддати 20 рӯз интиқоли

пешина
аз 263
навбатӣ