Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Дар маҷмӯъ дар маҳалли сохтмони нақб оби зиёд мавҷуд буд. Аз ин рӯ ба хотири таъмини устувориву бардавомии нақб дар зери роҳи пиёдарави нақби мошингузар лӯлаҳои азбестии сӯрохдор гузошта шуд, ки обҳои ҷамъшуда тавассути ин лӯлаҳо ба самти шимолу ҷануб ҷорӣ мешавад. Барои пешгирии фаввора задани об дар деворҳои нақб аз зери бетон пластика гузошта шудааст, ки обҳои пайдошуда, тавассути онҳо ба лӯлаҳои сӯрохдор ворид гашта ба берун ҷорӣ мешавад. Ҳамчунин дар зери нақби ҳаводиҳанда канали махсуси обгузар канда шуд, ки тамоми обҳои ҷамъшуда тавассути он ба берун интиқол дода мешавад [ниг.: 7, с. 320-323].
То ба зиммаи ширкати «Собир-байналмилал»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон гузошта шудани бунёди нақби Анзоб дар фасли зимистон аз боиси боридани барфи зиёд ва душвор гардидани рафтуомад ҳамеша корҳои сохмонӣ дар ин иншоот қатъ мешуд. Баъди омадани бародарони эронӣ ба хотири дар муҳлати муқарраргардида анҷом додани иншооти барои ҷумҳурӣ ҳаётан муҳим тасмим гирифта шуд, ки дар фасли зимистон низ корҳои сохмонӣ давом биёбад. Мутахассисону кормандон баъзан маҷбур мешуданд, ки аз километри чилу сеюм то дарвозаи нақб пиёда сафар намоянд. Дар ин мавзеъ борҳо ҳаёти мутахассисон ба хатар мувоҷеҳ гардида буд. Дар яке аз чунин сафарҳо мутахассисони эронӣ Пазмони Ҷамшедӣ ва Саиди Салимӣ, ҳангоме ки барои васл кардани хати гусастаи барқ мерафтанд, дар наздикии мавзеи Майхӯра зери тарма монданд. Ду-се нафар мутахассисони дигари эронӣ, ки дар ин мавзеъ барои кӯмакҳои зарурӣ омада буданд, онҳоро наҷот медиҳанд. Бори дигар ду нафар мутахассисони эронӣ дар мавзеи Нови Мурдаҳо зери тарма мемонанд, ки аз тарафи ҷавонони боғайрати Майхӯра наҷот дода мешаванд. Умуман, сарфи назар аз хавфу хатарҳои зиёд ва мушкилоти ҷойдошта сохтмони нақби Анзоб идома дошт... [ниг.: 7, с. 323-325].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё