Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Боре дар моҳи ноябр зарурӣ пеш меояд, ки ба хотири суръат бахшидан ба корҳои сохмонӣ дар қисмати ҷанубӣ мошини нақбкани «Ҷомбу» аз минтақаи шимол ба ҷануб интиқол дода шавад. Роҳи ягонаи интиқол додани ин мошини азимҷусса тавассути ағбаи Анзоб буд. Дар ин ҳангом дар ағба барф борида, роҳи ягона дар арафаи баста шудан қарор дошт. Ба хотири нисбатан сабук намудан баъзе қисмҳои «Ҷомбу»-ро кушода, баъдан онро ба мошини «Краз» бор мекунанд. Мафтуну Шералӣ низ дар амалиёти интиқол додани «Ҷомбу» иштирок менамуданд. Бо гуноҳи ронанда Олег Кондрашов мошини «Краз» баъди тақрибан як километр ҳаракат кардан дар роҳи ағбаи Анзоб чаппа шуда, ба ҷарӣ меафтад. Баъди воқиф гаржидан аз ин ҳодиса мудири пружа, рухсатиашро қатъ намуда, ба ҷойи ҳодиса меояд. Мутахассисон ба воситаи крани як муассисаи маъданҷӯйӣ «Краз» ва «Ҷомбу»-ро аз варта берун мекашанд. Маълум мешавад, ки «Ҷомбу» дар ин садама осеби зиёд надидааст. Азбаски мошини «Краз» корношоям гардида буд, қарор дода мешавад, ки қисмҳои ҷудокардаи «Ҷомбу» аз нав ба он васл карда шаванду «Ҷомбу»-ро Мафтуну Шералӣ ронда аз ағба гузаронанд. Барои васл кардани қисмҳои ҷудокарда як рӯз сипарӣ мешавад. Дар ин муддат бориши барф шиддат карда, роҳ баста мегардад. Махсусан, дар мавзеи Шодмондара тармаи зиёд фаромада ҳаракати нақлиётро ғайриимкон гардонда буд. Мутахассисон тавассути дастгоҳи муҳобира аз муассисаҳои дахлдори Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ёрӣ мехоҳанд. Хушбахтона, аз вазорати нақлиёт ба хизматчиёни минтақаи истифодаи роҳи ағбаи Анзоб барои наҷот додани «Ҷомбу» дастур дода мешавад. Тавассути техникии истифодаи роҳҳо тармаи мавзеи Шодмондара тоза карда мешавад ва Мафтуну Шералӣ бо навбат «Ҷомбу»-ро ронда аз ағбаи Анзоб мегузаронанд. Хулоса, дар давоми якчанд рӯз бо азобу машаққат мошини «Ҷомбу» ба қисмати ҷанубии нақб расонда мешавад.

пешина
аз 263
навбатӣ