Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
теҷо мунамуд, ки мардуми ҳамзабони тоҷикро ҳар чӣ зудтар аз азоби роҳ наҷот диҳад [ниг.: 7, с. 358-359].
Ҳаво ниҳоят сард буду тундбоди шадид мевазид. Хатари фаромадани тарма ҳар лаҳза ба ҷони кас таҳдид мекард. Дар чунин ҳолат ҷаноби Алӣ Мӯсавӣ Раҳими кӯҳи Дамованди Эронро, ки дар доманаи шаҳри Теҳрон воқеъ буда, дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ тасвир ёфтааст, ба ёд меорад. Дар чунин айёми сол дар кӯҳи Дамованд низ ҳаво хунук аст, аммо ҷодаҳои домана ва гирду атрофи он росту ҳамвор буда, дар минтақаҳои пурхатар иншоотҳои зидди тарма сохта шудаанд. Мусофирон метавонанд дар чор фасли сол тавассути ин роҳ бароҳат сафар намоянд. Баъди муқоисаи роҳи ағбаи Шаҳристон бо роҳи кӯҳи Дамованди Эрон ҷаноби Алӣ Мӯсавӣ Раҳимӣ орзу мекард, ки ин сафари охирини ӯ тавассути роҳи пурхатари ағбаи Шаҳристон боду дафъаи дигар ӯ аз шаҳри Душанбе тавассути нақб сафар намояд, то чунин даҳшатро дигар набиnad... [ниг.: 7, с. 359-360].
Дар он лаҳзаҳо, ки ҷаноби Алӣ Мӯсавӣ Раҳимӣ гарқи андешаҳои боло буд, ба пайваст гардидани ду самти нақби ҳаводиҳанда панҷ метр пардаи сангин, балки камтар аз он масофа боқӣ монда буд. Акнун мудири пӯружа дар ин бора меандешид, ки оё, воқеан, ба кушода шудани нақб ҳамин қадар масофа боқӣ мондааст? Оё он кушода мешуда бошад? Бо вуҷуди мушоҳидаю ҳисобҳои дақиқ ӯ ҳанӯз дар дил шубҳа дошт... [ниг.: 7, с. 357-358].
Ғарқи чунин андешаҳо ҷаноби Алӣ Мӯсавӣ Раҳимӣ ба
қисми шимолии нақби Анзоб меояд ва соати 10-у 30 дақиқаи
шаби 7-уми марти соли 2006 дар минтақаи 1 километру
907-умин метри нақби ҳаводиҳанда, сӯроҳӣ пайдо мегардад. Нуре, ки аз ин сӯроҳӣ пайдо гардид, воқеан, дар дили
нақбканон шуълаи умедро фурӯзон намуд. Нақбканон боз
ба кандан шурӯъ намуданд ва коргарону мутахассисони
самтҳои шимолу ҷануби нақб чӣ эрониву чӣ тоҷикистонӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё