Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

АдабиётМаърифат
Аз аввал хондан

бӯсҳои гарм гирифта ба роҳ мебарояд. Пешопеши наҷотдиҳандагон булдозери пуриқтидор низ ҳаракат менамуд. Дар давоми 9 рӯз наҷотдиҳандагон ба Шодмондара расида ронандагонро сиҳату саломат пайдо менамоянд. Ронандагон ва наҷотдиҳандагон пас аз машварат ба қароре меоянд, ки мошинҳоро дутоӣ ба симтаноб васл намоянду булдозер онҳоро ба пеш кашад ва аз ағба гузаронда то дараи Зидеҳ барад. Ин амалиёти наҷотдиҳӣ чор рӯз давом мекунад. Сипас раиси муассисаи нақлиётӣ бо соҳиби чойхонаи назди чашмаи маъдан сарфу харҷи ронандагонро ҳисобӣ карда, ба ӯ изҳори сипос менамояд. Ҳамин тавр, корвони мошинҳо сиҳату саломат ба муассиса расонда мешавад... [ниг.:7,с.357-358].

Дар идомаи ин боби «Достони бародарӣ» дар бораи корҳои хуби сохтмонӣ ҳам дар нақби ҳаводиҳанда ва ҳам дар нақби мошинрав сухан меравад. Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби ҳаводиҳанда нисбат ба нақби нақлиётӣ пештар рафта буд. Аввалҳои баҳори соли 2006 воқеи ба ҳам пайвастани ду самти нақби ҳаводиҳанда торафт наздиктар меомад. Мудири лоиҳа ҷаноби Алӣ Мӯсавӣ Раҳимӣ тасмим мегирад, ки ҳангоми ба ҳам пайвастани самтҳои шимолу ҷануби нақби ҳаводиҳанда дар қисмати шимол бошад, зеро дар маҷмӯъ корҳои сохтмонӣ дар самти шимол назар ба ҷануб беҳтар буд. Бо ҳамин мақсад Алӣ Мӯсавӣ Раҳимӣ рӯзи 6-уми марти соли 2006 ба Хуҷанд парвоз намуда, бомдоди рӯзи 7-уми март ба самти ағбаи Шаҳристон ҳаракат менамояд. Иттифоқан он рӯз бо сабаби фаромадани тармаи зиёд дар ағбаи Шаҳристон ҳаракати мошинҳо дар ин роҳ қатъ гардида буд. Аз ин рӯ ҷаноби мудир ин дафъа низ сафари худро пиёда идома медиҳад. Дар роҳ як мошини тамғаи «Нива», ки аз Панҷакент ба самти Хуҷанд ҳаракат мекард, ба садама дучор шуда буд. Хайрият, ки мусофирони он ҳама зиндаю саломат буданд. Ҷаноби Алӣ Мӯсавӣ Раҳимӣ ин ҳолатро мушоҳида намуда, аз Худо ил-

пешина
аз 263
навбатӣ