Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
мекарданд, дар мизи паҳлуи онҳо ду ҷавондухтар таом мехӯрданд. Ду ҷавони мӯйлабҷадори либосҳои ҷинсӣ дар бар ба назди онҳо омада, ба духтарон дағалона муносибат карда мегӯянд: «Хонумчаҳо, шефи мо шумора ба кабина даъват карда истодай» [ниг.:7, с.366]. Духтарон ба ин ҷавонони дағад ҷавоби рад медиҳанд, вале онҳо мехоҳанд духтаронро бо зӯрӣ ба кабина назди «шеф»-ашон баранд. Мафтун ба чунин дағалии ҷавонон тоқат накарда, духтаронро ҳимоя карданӣ мешавад, вале яке аз ҷавонон ӯро «ҳашарот» гуфта таҳқир менамояд ва ба маҳкамаи назди қаҳвахона ишора карда мегӯяд:
«– Шеф тура ба ин ҷа метиққона бо ин ҷӯрахот» [7, с.368].
Мафтун ҷобукона аз оринҷи ин ҷавон, ки ба соиди яке аз духтарон даст дароз карда буд, гирифта бо панҷааш сахт фишор медиҳад. Ҷавон «вой дастам» гӯён дар ҷояш менишинад. Шарикаш аз бағали ӯ дошта ба кабина назди «шеф» мебарад. Як лаҳза дар қаҳвахона хомӯшии хузнангез ба вуҷуд меояд. Духтарон ба Мафтун ҳамчун ба паҳлавони афсонавӣ назар карда, изҳори ташаккур менамоянд. Ин ҳодиса як андоза сӯҳбати дӯстонро халалдор мекунад. Дар кабина «шеф» дасти ҷавонро мебинад. Ҷойи панҷаҳои Мафтун сиёҳ гашта буд. «Шеф»-и онҳо дар ғазаб шуда, «агар вай дасти туро сиёҳ карда боша, ман дасти вая сурх мекунам» мегӯяд [ниг.:7, с.369]. Пас онҳо маслиҳати ҳуҷум мекунанд. Тибқи маслиҳат ҳар ду ҷавон ба Шераливу Чобирбек дармеафтанд, аммо ба зарбаҳои онҳо тоб наоварда ба замин меафтанд. «Шеф» бо ханҷар ба Мафтун дарафтоданӣ мешавад, вале Мафтун ӯро ба худ наздик шудан намонда, бо як ҷажидан ба миёни ду пояш чунон мезанад, ки нолаву фигонаш мебарояд. Дӯстон вақт надоштанд, ки ин авбошонро ба дасти милиса супоранд. Аз ин рӯ онҳоро ба ҳолашон гузошта рафтанӣ мешаванд. Дар ин вақт ҷавони аз бозуяш фишӯхӯрда «мо шумора нишон метем» мегӯяд. Мафтун ҳам «мо... доимо тайёр ҳастем» гуфта посух мегар-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё