Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

донад [ниг.: 7, с. 370]. Мафтуну дӯстонаш бовар доштанд, ки ин ҷавонон бо чунин рафторашон дур нахоҳанд рафт ва рӯзе сазои амалашонро хоҳанд дид... [ниг.: 7, с. 371].

Баъди ин ҳодиса Мафтуну Шералӣ ва Ҷобирбек ба тарафи дафтари кории ширкати «Собир-байналмилал», ки дар самти шимолии пойтахт қарор дошт, равон мешаванд. Онҳо мехостанд аз он ҷо ба мошине савор шуда, зудтар ба нақби Анзоб оянд. «Ҳар як ҷавон бояд аз ҳунари Брус Ли кам-кам омӯзад» мегӯяд раҳораҳ Ҷобирбек. Мафтун «бале, ин ҳунари марди ҳақиқист» гӯён сухани дӯсташро тасдиқ менамояд [ниг.: 7, с. 371].

Нависанда дар идомаи асар дар бораи ояндаи деҳкадаи сохтмончиён сухан меронад. Баъди ба ҳам пайвастани ду самти нақби ҳаводиҳанда нақбканон бо рӯҳияи дучанд заҳмат мекашиданд. Барои кушода шудани нақби мошинрав низ вақти кам монда буд. Ҷавононе, ки дар ин сохтмон фаъолият доштанд, дар бораи ояндаи деҳкадаи Зимарг фикр мекарданд. Табиист, ки баъди кушода шудани нақби мошинрав дар ин деҳкада кормандони муассисае, ки барои ҳифзу мурокибати роҳ масъул мебошанд, умр ба сар хоҳанд бурд. Аз ин ҷо дар ин деҳкада бунёди инфрасохтори зарурӣ аз қабили мактабу кӯдакистон, бунгоҳи тиббию ҳаммом, масҷиду бозор ва дигар иншооти фарҳангию фароғатӣ талаботи айём буд. Аз ин рӯ таъсиси ҷамоати шаҳраки Зимарг ба мақсад мувофиқ дониста мешавад. Ҳукумати ноҳияи Айнӣ низ дар ин бора тасмим мегирад ва дар толори хобгоҳи коргарии Зимарг ҷаласаи нақбканон баргузор мегардад. Дар он муовини раиси ноҳияи Айнӣ низ иштирок намуда, ҳангоми суханронӣ зарурати таъсиси ҷамоати шаҳраки Зимаргро бори дигар таъкид менамояд. Вақте ки масъалаи номзад ба вазифаи раиси ҷамоати шаҳраки Зимарг пеш меояд, муҳандис Одинаи Дӯстмурод ба ин вазифа номзадии Сочидаи Ҷамол — ҳамсари Ҷобирбекро пешниҳод менамояд. Вақте ки фикри Сочида дар ин

пешина
аз 263
навбатӣ