Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
табобати уқоби захмин машғул мегардад. Ин амали ӯ ба падараш бисёр писанд меафтад. Баъди табобат ёфтани уқоби захмин онро ба осмони беканор сар медиҳад.
Мафтун ҳамеша ёвару мададгори ҳамдеҳагону ҳамкорон ва дӯстону наздикон мебошад. Вақте ки галаи гургон ба чорвои мардуми деҳа зарар мерасонад, Мафтун саркардаи ин гургонро маҳв намуда, чорвои мардумро аз ҳамлаи гургон наҷот медиҳад ва ба таҳсину офарини ҳамдеҳагон сазовор мегардад. Ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ ӯ на танҳо пушту паноҳи тоҷикписарон буд, балки намегузошт, ягон аскари собиқадор сарбозони наваскарро таҳқир намояд. Аз боиси риояи хуби интизоми ҳарбӣ ба ӯ рутбаи сержанти калон дода мешавад ва муовини старшинаи рота тайин мегардад. Вақте ки аскарбача Ҷӯра ва бародараш Ҳаннон зери тарма монда ҳалок мешаванд, Мафтун барои ҷустуҷӯи ҷасади онҳо бисёр заҳмат мекашад. Ёриву мададгорӣ ба ҳамкоронро қарзи инсонии худ меҳисобад. Аз ин рӯ ҳангоми ба вуҷуд омадани садамаю резиш дар нақб ӯ аввалин шуда ба ёрии ҳамкорон мешитобад ва намехоҳад, ки ҳаёти ҳамкоронаш дар зери хатар бошанд. Ёриву мададгории ӯ ба ҳамкорон аз рӯзҳои аввали дар нақби обрӯсонии Данғара ба кор шурӯъ карданаш аён мегардад. Баъди он ки дар ин нақб резише ба амал меояду Мафтун бо корнамоии хос ду нафар аз ҳамкоронро аз зери хок наҷот медиҳад, эътимоди ҳамкорону роҳбарият ба ӯ дучанд мегардад. Дар нақби Анзоб низ ӯ пайваста дар бораи беҳтар гардидани шароити маишии ҳамкорон фикр мекунад.
Қаҳрамони асосии романи «Нақби Истиқлол» мутахассиси ниҳоят пухтакор аст. Аз ҷумла бо маслиҳати ӯ ба сохтмони нақби Анзоб бештар ҷавонони маҳаллӣ ба кор ҷалб мешаванд. Ба қавле ӯ «хаёлпараст нест», балки дорои афкори пешқадами замонавӣ мебошад. Ақидаву пешниҳодҳое, ки аз ҷониби ӯ баён мегарданд, асосноканд [ниг.:5, с.52]. Мушкилоту проблемаҳое, ки дар марҳилаи ав-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё