Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

зеро якчанд сол ин рӯзро интизор буданду барои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ниҳоят зарурияти ин иншооти нақлиётиро хеле хуб дарк мекарданд.

Дар симои Мафтун нависанда ҷавони дӯстдори ватану табиати диёрро тасвир намудааст. Ватандӯстии ӯ, пеш аз ҳама, ба муҳити оила вобаста мебошад, зеро падараш Азимсайёд фарзандони худро дар ҳамин рӯҳия тарбия менамуд. Ҳар як сангу хоки Ватан барои Мафтун азиз аст, аммо диққати ӯро бештар асрори кӯҳҳои диёраш ҷалб мекунад. Аз ҳамин сабаб баъди гирифтани номаи камол дар Техникуми кӯҳшиносию геологии шаҳри Душанбе таҳсилро идома медиҳад. Ҳангоми таҳсил дар Донишкадаи кӯҳшиносии Тула ӯ бо профессор Александр Иванович Зуйков, ки донандаи хуби асрори кӯҳҳои Тоҷикистон буду ҳатто дар бораи сохтмони нақби Анзоб маълумоти кофӣ дошт, шинос мешавад. Суҳбат бо ин марди донишманд меҳри ӯро нисбат ба Ватану табиати зебои он дучанд ва ифтихори ӯро аз касби интихобкардааш боз ҳам афзун мегардонад. Мафтун мехост, ки ҷавонони ҳамватанаш, бештар ба омӯхтани асрори кӯҳҳои диёр машғул бошанд, то ганҷҳои диёри кӯҳсораш ба манфиати халқу ватан истифода шаванд. Мафтун ҳамчунин дӯстдори ҷонварон мебошад. Ҳангоме ки юзи дарранда бузғолаи дӯстдоштаи ӯ — Чамангулро тӯъмаи худ мегардонад, ӯ бисёр ғамгин мешавад. Ҳарчанд бо дастони худ ҳайвони даррандаро нобуд менамояд, аз он афсӯс мехӯрад, ки бузғоларо аз чанголи дарранда наҷот дода натавонист. Дӯстдори ҷонварон будани Мафтун ҳамчунин аз табобат кардани уқоби захмин аён мешавад. Ҳарчанд яке аз ҳамсояҳояшон, ки табиби халқӣ буду беморонро бо узвҳои мухталифи уқоб табобат мекард, аз ӯ хоҳиш менамояд, ки бар ивази гӯсфанди шишак уқобро ба ӯ диҳад, то ноҳуну минкор, гӯшту пар ва дигар узвҳои онро барои табобати беморон истифода намояд, Мафтун ба ин розӣ намешавад ва байтор оварда, ба

пешина
аз 263
навбатӣ