Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

қонеъ буда, барои пешрафти кор ба эшон такя мекарданд. Масалан, ҳангоме ки зарурати аз самти шимол ба ҷануб интиқол додани мошини нақбкании «Ҷомбу» пеш меояд, дар баробари Мафтун Шералӣ низ корнамоӣ нишон дода, қадрдонӣ карда мешавад.

Мутаассифона, дар арафаи ба анҷом расидани сохтмони нақб Ҷобирбек ҳамроҳи Мафтун зери тарма монда, аз дасти чапи худ маҳрум мегардад, ки аз ин ҷиҳат низ Ҷобирбеку Мафтун ҳамқисмат мебошанд. Бар хилофи Мафтун Шераву Ҷобирбек дар ҳаёти оилавӣ муваффақанд. Онҳо ба мисли дӯсти худ асири тори зулфи ду нозанин нестанд ва дар интихоби ҳамсар хато намекунанд. Аз ин ҷиҳат образҳои Шераву Ҷобирбек аз образи Мафтун фарқ мекунанд.

Хулосаҳо

Ҳангоми баррасии мазмуну мундариҷа ва образҳои асосии романи мустанади «Нақби Истиқлол»-и нависандаи хушсалиқа Бахтиёр Муртазо ба чунин натиҷа расидан мумкин аст:

  1. «Нақби Истиқлол» нахустин романи калонҳаҷми мустанади бадеӣ дар замони Истиқлолият ба ҳисоб меравад, ки ба сохтмони яке аз иншооти ҳаётан муҳими ҷумҳурӣ — нақби Анзоб, ки баъдан бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақби Истиқлол ном гирифт, бахшида шудааст. Аз ин рӯ онро муҳимтарин дастоварди адабиёт ва публитсистикаи муосир номидан мумкин аст.

  2. Нависанда дар асар факту далелҳои воқеӣ (маводи ҳуҷҷатӣ)-ро бо тахайюли рангини худ хеле моҳирона омезиш додааст, ки дар натиҷа ҳақиқати воқеӣ ҷолиб, воқеаву ҳодисаҳо рангину таъсирбахш инъикос гардида, симои

пешина
аз 263
навбатӣ