Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Ни ҳамҳасилоҳи Югославияшон бар зидди фашистони хунхор далерона меҷанганд.
Очерки «Нури ҷовидони Зузунаб» дар бораи қаҳрамониҳои Александр Мироненко - Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ нақл мекунад, ки ҳангоми иҷрои вазифаи башардӯстӣ дар кишвари Афғонистон бо ҷасорату мардонагӣ ҳалок гардидааст. Муаллиф пайкори А. Мироненкои 21-соларо дар чор лаҳза ба тасвир гирифтааст. Лаҳзаи аввал ҷонбозиҳои ӯ дар майдони набард аст, ки то нафаси охирин мардонавор ҷангида, дар ҳолати вопасин худро метарконад ва 12 нафар ғосибонро нест мекунад. Лаҳзаи дуюм тавсифи корнамоиҳои ӯ дар қисми ҳарбӣ аст, ки то ба рутбаи сержантӣ расида, лоиқи нишонаҳои шуҷоати аскарӣ — Аълочии Армияи Советӣ, мутахассиси дараҷаи I, «Ҷанговари спортсмен» гардидааст. Лаҳзаи сеюм нақли волидайн, дӯстон аз айёми кӯдакӣ ва наврасии ӯро фаро мегирад. Дар лаҳзаи чорум гиромидошти Қаҳрамон ва поси хотири ӯ дар филму осорхонаҳо тавсиф мегардад.
Қаҳрамонони очеркҳои марбут ба мавзӯи ҷанги Бахтиёр Муртазо намояндагони се муборизаҳои ватанхоҳона мебошанд, ки яке бар зидди ҳаракатҳои босмачигарии ибтидои садаи XX, дигаре барои дифои Ватан аз фашизми Олмон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва сеюмӣ барои озодии Афғонистон ҷоннисёрӣ намудаанд.
Очерки «Муҳориба бо оташ»-ро низ ба таври рамзӣ ба ин мавзӯъ метавон нисбат дод, зеро дар он аз шуҷоату далерии ҷавони тоҷик - Талбак Лолаев сухан меравад, ки барои хомӯш намудани майдони васеи гандумзори ба алангаи оташ гирифторшуда далерона муҳориба мебарад ва ниҳоят ҳалок мегардад. Ин амали ӯ, на танҳо нишони мардонагию далерӣ, балки гувоҳи садоқатманд буданаш ба анъанаҳои қаҳрамононаи аскарон - қаҳрамонони набардҳои ҷангӣ аст.
Қаҳрамонони ағлаби очеркҳои Бахтиёр Муртазо мар-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё