Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
дони меҳнаткаш буда, ин очеркҳо бунёдкорона ва созандаанд. Ин ҷо ба далели фикр таваҷҷӯҳи хонандаро ба се очерки адиб: «Родмарди ҷонфидо», «Падари халқ» ва «Ҳикмати ҷомаи саркор» ҷалб менамоем. Қаҳрамонони ин очеркҳо аз чанд ҷиҳат ба ҳам монанданд. Ҳамаи онҳо сардорони хоҷагӣ, собиқадорони меҳнат, инсонҳои нексириштанд, аз ҷавонӣ ба кори хоҷагидорӣ ҷалб шудаанд, солҳои тӯлонӣ ҳамчун сарвар фаъолият намудаанд, муносибаташон ба кор ҷиддӣ аст, дасту нияти пок доранд, ба мардум эҳтиром мегузоранд, манфиати хоҷагӣ ва ҷомеаро аз фоидаи худ боло медонанд. Инҳо мардони меҳнатанд ва мехоҳанд, ки дигарон низ чунин бошанд. Муаллиф дар тасвири симои онҳо ба руҷӯъҳои таърихӣ мароқ зоҳир мекунад, аз ниёғону пайвандонашон сухан ба миён меорад ва ба ин васила як андоза ирсӣ будани сиришти онҳоро бозгӯ мекунад. Бо ин вуҷуд ин ҳамоҳангӣ ҳеҷ вақт маънои ҳамгун будани ин очеркҳоро надорад. Муаллиф дар омӯзиш ва таҳқиқи қаҳрамонон аз усулҳои гуногун истифода намуда, дар маҷмӯъ саҳнаҳои тасвириеро ба вуҷуд овардааст, ки қаҳрамонони очеркҳояш бо хислату характери хосса ва қобилияту маҳорати фардӣ пешорӯйи хонанда ҷилвагар мешаванд.
Чунончи, тасвири қаҳрамони очерки «Родмарди ҷонфидо»
Миралӣ Маҳмадалиев аз овони туфулӣ - дастёри падар, подабони деҳа шурӯъ гардида, тадриҷан бо муҳоҷиршавӣ, ҷалб шудан ба кори саҳро, ифшои қобилияту маҳорати кордонӣ, интихоб ба вазифаи раиси колхоз, ҷалби мардум ба корҳои саҳроӣ, дарёфти усулҳои самарабахши ташкили кори колхоз, ба вуҷуд овардани шароити иҷтимоиву маишӣ барои аъзои колхоз, дарку маърифати илмии кори кишоварзӣ, хосса пахтакорӣ, иштирок дар анҷуманҳои умумииттифоқии пахтакорон ва амсоли ин идома меёбад.
Ин раванд роҳи ҳамвору васеъ нест, балки зӯру нишебиҳои зиёде дорад. Бовар ба ҳаёти нав, иродаи қавӣ, меҳнатдӯстӣ, муносибати хуб бо мардум, дилёбӣ, ба боварии сарварони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё