Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

«Роҳи дилҳо» ҳосили сафарҳои Бахтиёр Муртазо ба сарзамини Сибир ва сохтмони Шоҳроҳи Байкалу Амур мебошанд. Очерки аввал хусусияти репортажро касб намудааст. Дар он тасвири кӯли Байкал ва вижагиҳои он дар ҷойи аввал қарор дорад. Муаллиф савори киштии «Ракета» аз манзараҳои дилошӯб ва назаррабои кӯл бо завқ ҳикоят оғоз месозад, офаридаҳои табиатро, ки ба ҳусни кӯл ҳусн бахшидаанд, шарҳ медиҳад, ба таърихи пайдоиши кӯл ва омӯзиши он сайри таърихӣ менамояд ва бо саволҳои кунҷковонаи худ аз Иван Григориевичи 67-сола посухҳои ҷолиб мегирад ва ба ин васила хонандаро ба асрори кӯли Байкал, табиати зебо ва одамони хуби он ҷо шинос менамояд.

Очерки «Роҳи дилҳо»-ро давоми мантиқии очерки боло метавон номид. Мавзӯи он сохтмон, аниқтараш сохтмони БАМ аст. Тавассути ин очерк муаллиф хостааст, нақши ҷавонони Тоҷикистонро дар сохтмони ин шоҳроҳи азим ва қувваи бузург будани дӯстиву бародарии халқҳои гуногунро нишон диҳад. Бригадаи тоҷикистониён дар ин сохтмон асосан ба буридани ҷангал машғул гашта, касби нав меомӯзанд, дар иҷрои корҳои ободонии ин мавзеи навбунёд фаъоланд, вазифаҳояшонро сарбаландона иҷро мекунанд, бо намояндагони халқҳои дигари шӯравӣ, хосса коргарони рус муносибати дӯстона доранд, бо хислату рафтори хуб ва меҳнати ҳалол байни бригадаҳои дигари сохтмончиён обрӯ пайдо кардаанд.

Ҳарчанд дар очеркҳои нависанда Бахтиёр Муртазо қаҳрамонони истеҳсолкунандаи неъматҳои моддӣ мавқеи намоёнтар доранд, баъзан муаллиф ба тасвири чеҳраи аҳли эҷод низ пардохтааст. Очерки «Сухангустари дарёдил» намунае аз онҳост. Қаҳрамони ин очерк рӯзноманигор ва нависандаи маъруфи тоҷик Мутеулло Наҷмиддинов мебошад, ки дар тасвири муаллиф ҳамчун муҳаррири одилу оқил, раҳнамову маслиҳатгар, нависандаи воқеанигор, маъниофар ва инсони нексиришт намоён мегардад.

пешина
аз 263
навбатӣ