Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

сатҳи боло даромадан ва қобилияти кордоии қаҳрамони очеркро аз як сагираи кӯҳистонӣ то Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалӣ мерасонад.

Қаҳрамони очерки «Падари халқ» Раҳим Аслиддинов низ сардори хоҷагӣ аст, ки дар чилу ду соли раисиаш чил сол хоҷагӣ дар сафи пешкадамон қарор доштааст. Сирри ин муваффақиятро ӯ дар «деҳқононро ҳаргиз аз замин ҷудо накардан ва дар диди онҳо ҳиссиёти соҳиби замин буданашонро хомӯш насохтан» медонад. Р. Аслиддинов натанҳо роҳбари кордон, ташкилотчии қобил, инсони дидадаро, балки марди дастархондор ҳам аст, дасти саҳо дорад. Ӯ ҳам дар боби меҳмоннавозӣ ва ҳам ободонӣ анъанаи халқамон, кори неки ниёгони худро идома додааст. Ҳавлии ӯ дар сари роҳ қарор дорад. Меҳмонхонааш ҳамеша пури меҳмон, хусусан дар фасли тобистону тирамоҳ, ки ағбаи Анзоб боз мешуд. Ин меҳмонхона «қадамҷои бузурггон» будааст ва меҳмондории мизбон танҳо барои нишастану суҳбат оростан набуда, дар мавридҳои мувофиқ бо истифода аз ҳузури меҳмонони баландмақом масъалаҳои мубрам низ роҳи ҳалли худро пайдо мекардаанд.

Дар тасвири муаллиф Р. Аслиддинов одамияти баланд дорад, олиҳимматиаш беназир аст. Дар солҳои сохтмони нақби Истиқлол ҳар моҳ бинокорони ин иншоотро сирф аз ҳисоби худ зиёфат додани ӯ далели ин аст.

Образи Хуррам-паҳлавон дар очерки «Ҳикмати ҷомаи саркор» чандон кушода нашуда бошад ҳам, ранҷу азобҳои наврасӣ, ҷалб шудан ба меҳнати пурмашаққати деҳқонӣ, фаъолияти звеной, сардори бригада будани ӯ ба таври мухтасар ба қалам дода шудааст. Муваффақияти ӯ ва ҳамчунин қаҳрамонони очеркҳои дигари Бахтиёр Муртазо дар он аст, ки онҳо кори худро хуб медонанд, вазифаашонро масъулият меҳисобанд, роҳбари одию корфармо нестанд, балки мутахассиси соҳибандеша мебошанд.

Миёни очеркҳои ин маҷмӯа «Сафинаи Байкал» ва «Роҳи

пешина
аз 263
навбатӣ