Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

касбу ҳунарҳои мардуми бумии он ошноӣ пайдо кунад ва ба ин васила, ба моҳияти воқеаҳои таҷАССУМЁФТА жарфтар сарфаҳм равад.

Вижагии ин асар дар он аст, ки муаллиф натанҳо аз ҳаёту заҳматҳои содиконаи кашшофони заминҳои нав ва меҳнати фидокоронаи деҳқонони ин водӣ нақл мекунад, балки раванди ободкориҳо, вазъи соҳаи кишоварзӣ, мушкилоти кор, нарасидани мутахассисони гуногуни соҳаи кишоварзӣ ва амсоли инро ба музокира мекашад ва роҳҳои ҳалли онҳоро тавассути андешарониҳои қаҳрамонҳо нишон медиҳад.

Қаҳрамонҳои ин асар намояндагони халқҳои гуногунанд. Ба ҷуз мардуми таҳҷой, коргарону заҳматкашони минтақаҳои дигар, ки барои меҳнат ва шуҷоат ба ин гӯшаи Тоҷикистон омада, фаъолият намудаанд, низ ситоиш гардидаанд. Образҳои офаридаи муаллиф тақдиру сарнавишти алоҳидае дошта бошанд ҳам, марому мақсадашон ободии кишвар, заҳмат ва манфиати халқу Ватан аст. Дар майнаи онҳо танҳо як фикр чарх мезанад, ки он дарёфти роҳи ҳалли мушкилиҳои соҳаи кишоварзӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии худу дигарон аст. Ваҳдату дӯстии мустаҳками халқҳо ин фикрро тақвият бахшида, ба ҳалли мушкилот ва самаранокии раванди ободкориҳо мусоидат намудааст.

Муаллиф дар ин ва дигар очеркҳо заҳмати онҳоеро мавриди тасвир қарор додааст, ки неруи созанда доранд, дар корҳои ободонӣ фаъолона ширкат варзидаанд ва дар пешрафти ҳаёти кишвар ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Ӯ дар шинохти қаҳрамонҳо ва тасвири меҳнати файзбори онҳо боандеша ва ботаҳаммул муносибат намуда, кӯшидааст, ки тавассути роҳу усулҳои гуногун ҳислату характери онҳоро хуб омӯзад, ҷаšću талошҳояшонро ба таври ҳаққонӣ нишон диҳад.

Очерки «Чашмаҷон» намунае аз очеркҳои Бахтиёр

пешина
аз 263
навбатӣ