Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Муртазо маҳсуб меёбад, ки ба муаррифии мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ бахшида шудаанд. Доир ба Чашмаҷон, ки номи ба мардуми маҳал маъруфшудаи Чилучорчашма аст, дар аксари асарҳои ба водии Бешканд бахшидаи олиб ишораҳо мушоҳида шаванд ҳам, дар ин очерк таърихи пайдоиш, назру ниёз ва хосияти шифобахшии чашмаҳои он ба таври муфассал баррасӣ шудааст. Диди таърихӣ, оини мазҳабӣ, назари илмӣ ва таҷрибаи инсонии муаллиф имкон додааст, ки Чилучорчашма бо тамоми шаҳоматаш, ҳамчун мавзеи сайёҳиву шифоҳӣ ба хонанда муаррифӣ гардад.

Як хусусияти барҷастаи очеркҳои Бахтиёр Муртазо боз дар он аст, ки онҳо ҳамагӣ ба проблемаҳои иҷтимоӣ иртибот доранд. Масъалагузории иҷтимоӣ водор намуда, ки қаҳрамону персонажҳо фаъол бошанд, дар хусуси мушкилоти ба миён омада мулоҳизаву андешаронанд ва ба ин васила дар ҳалли онҳо саҳм гузоранд. Дар баъзе очеркҳои муаллиф муҳокимаи масъалаҳо аз доираи публитсистӣ фарохтар мешаванд. Ин ҷиҳатро, хусусан дар очеркҳои «Лимӯи тоҷик», «Хонаи дарё», «Қиссаи мӯрии дудкаш» метавон бараъло мушоҳида намуд. Очеркҳои мазкур саршорӣ муҳокимаву мулоҳизарониҳои проблемавӣ мебошанд. Муаллиф дар таҳқиқ ва тасвири масъалаҳо ҳамчун олим, ихтисосманд ва мушоҳиди ҳодисаҳои илмии ҷомеа намудор мегардад. Тарзи муҳокимаронӣ ва тасвири нависанда хонандаро водор менамояд, ки доир ба проблемаҳои илмии иқтисодӣ, хоҷагӣ, фарҳангӣ ва мактабу маориф сари андеша бошад. Гуфтан мумкин аст, чунин муносибат намудан дар ҳалли масъалаҳо ва ҷалбу ҷазми хонанда дар саҳмгирии амалии онҳо дар бештари очеркҳои Бахтиёр Муртазо хос аст. Ӯ ба воситаи очеркояш муҳимтарин проблемаҳои иҷтимоиро ба муҳокима гузошта, мардумро ба фикр кардан, дахолат намудан, роҳҳои ҳалли қазияҳо ҷустан (аз худ кардани заминҳои бекорхобида, роҳҳои нави кишти пахта, бунёди боғу зироатҳо...) водор созад.

пешина
аз 263
навбатӣ