Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

АдабиётМаърифат
Аз аввал хондан

ШОҲЗАМОН РАҲМОН,
доктори илмҳои филологӣ, профессор

Ба муносибати 80-солагии нависандаи маъруфи тоҷик
Бахтиёр Муртазо

ҚАҲРАМОНОНИ ФИДОКОРИ ЗАМОН

«Хонандагони мо имрӯз зиёдтар ба асарҳое ниёз доранд, ки дастовардҳои даврони истиқлолият, корномаҳои қаҳрамонони сохтмонҳои бузурги кишварамон дар онҳо бо ҳақиқатнигорӣ ва завқи баланди бадеӣ инъикос гардида бошанд.

Дар ҷавоби даъвати мо адибон ва рӯзноманигорон як миқдор асарҳои хотирмон иншо намуданд. Мисол, романи «Накби Истиқлол»-и Бахтиёр Муртазо аз ҷониби нақди адабӣ ва хонандагон баҳои сазовор гирифтааст».

Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Забон нигаҳбони ҳувияти миллист»,
Нашриёти «Адиб», с. 2008, саҳ. 27.

Романи мустанади Бахтиёр Муртазо «Накби Истиқлол»
ба нақбсозони шуҷоатманди ағбаи Анзоб бахшида шуда, ҳақиқати воқеии замони моро равшан нишон медиҳад. Кам нависандагон ҳастанд, ки ба даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зуд ҳамовоз гардида, сари вақт асари шоиста нависанд. Бахтиёр Муртазо дар муддати кӯтоҳ, тақрибан як-ду сол табиати ағбаи Анзоб, муҳити атрофи он, Шоҳроҳи Абрешим, роҳҳои мушкили одаму мошингузари кӯҳҳои сарбаландро омӯхта, нақшаи нақбро ҳанӯз аз даврони ҳукумати Шӯравию пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ва дар саввумин мартаба аз соли 2004 ба ҳамкорию ёрии иқтисодӣ

пешина
аз 263
навбатӣ