Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
китобашро дар чор ҷилд ба табъ расонад ва ман, ки аз замони донишҷӯиям ба хондани навиштаҳои ӯ майл кардаам, аминам, ки аз он зиёдтар шавад ҳам, маводи навиштаҳои ин эҷодкор кифоят мекунанд.
Аслан раъй мезадам, ки навиштаҳои ин публитсист бештар ба ҳаёти деҳот, махсусан ободгарони водии Вахш бахшида шудаанд, аммо дар ин ду ҷилд агар бо шумор гап занем, мавзӯи саноат нисбат ба мавзӯи зироат бартарӣ ёфтааст. Ба ҳар ҳол истеҳсолот ба шакли умум мӯҳтавои ин навиштаҳоро ташкил медиҳад. Гарчи мавзӯи ҳаёти иштирокчиёни ҷанг, зиёиён низ кам нест.
Махсусияти мавзӯи ҷанг дар очерк ва мусоҳибаҳои нависандаи ҷӯянда Б. Муртазо дар он аст, ки вай бо худи қаҳрамон не, бо пайвандони он сӯҳбат карда, мавод ба даст овардааст. Ин дар ҳамаи навиштаҳои ин мавзӯъ - «Чанорҳои ёдбуд», «Оғози сохтмонро дӯст дорам», «Рӯҳи бешикаст», «Фирор ва ҷасорат», «Нури ҷовидони зузанаб» эҳсос мешавад. Аммо ин чунин маъно надорад, ки очерк ва дигар навиштаҳо хислати нақлӣ пайдо карда, воқеиятро хира ифода намоянд. Баръакс ҳунармандии адиб дар он аст, ки дар нақли ҳамсӯҳбат ҳам, ҷараёни воқеаро дида ва ба худ тасаввур карда метавонад. Масалан, дар очерки «Чанорҳои ёдбуд» лаҳзаи зерин тасвир шудааст ва гумон мебарӣ, ки онро очеркнавис бо чашмони сар дидааст: «Як шаби тори ҳамон сол боқимондаҳои душманони халқ дар қафои дари хонаи Юлдош-командир санг чида, аз чор тарафи хонааш оташ мезананд. Вақте Юлдош-командир аз хоб бедор мешавад, оташ аллакай дар гирди хона забона мезад. Командир ҳамсарашро зуд аз хоб бедор мекунаду ба дасташ таппончаи худро дода мегӯяд:
- Дар беруни ҳавлӣ баромада ист, ҳар одами ношиносу шубҳанок биёяд, натарсида паррондан гир, ман худам ҷавобашро медиҳам.
Юлдош-командир бачаҳояшро аз оташ халос мекунад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё