Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

роҳҳои душворгузар (мавзеи Нови Мурдаҳо) борҳо рафта, маҳалҳо, расму оин, зиндагидорӣ, касбу корашонро санҷида, моҳҳову солҳо зиндагонӣ карда, ин асари пурарзиши замонро эҷод намудааст.

Муҳимтарин падидае, ки аз ин асар берун мешавад, дар тақдири се насл: Азим-саркор, Мафтун ва писари ӯ Мамнун нишон додани ҳодисаю воқеаҳои замон мебошад. Азим-саркор дар роҳи душворгузари Анзоб умри худро сарф намуд. Писараш Мафтун аз қаъри замири падар ва андешаҳояш огоҳ шуда, борҳо ёд оварда, аз фаъолияти дар сохтмони роҳи Сталинобод-Ӯротеппа, дар сохтмони роҳи оғозкардаи падар синаи кӯҳи азимро шикофта нақб сохтан кори падарро идома мебахшад. Ҳамдеҳаашон амаки Ҳайдар дар ин бобат ба Мафтун маслиҳатҳои ҷолиб медиҳад.

Мафтун ва дӯстонаш Шералию Ҷобирбек образҳои тахайюлии романи ҳуҷҷатианд, ки барои обод кардани сохтмони роҳи кишвар камари ҳиммат бастаанд. Мафтун ҳанӯз ҷавон буд, ки худро дар шикори юзу гурги бӯри барзангӣ ҳамчун сайёди моҳиру тавоно, ба мисли яли тануманд нишон дода, аз ҷониби аҳли маҳал баҳои сазовор гирифт: «Офарин ҷавонмарди шердилу багурда. Кам нашав, сайёди оҳанинчангол, паҳлавони таҳамтан...» (с.32). Аз муаллими варзиш машқи бадан, гурзпартоию найзаандозиро омӯхт, каратэро ёд гирифт, ки баъд дар давоми умр ҷавонписарони тоҷикро дар набардҳо ҳимоя кард, духтаронро аз чанголи авбошон раҳонид, як касе шуд, ки бо ҷуссаю ақли расо ҳамватанону шаҳрвандон, ҳампешагони худ Шералию Ҷобирбекро ҳам доимо шоду мамнун менамуд. Дар сохтмони нақби Данғара хизмат кард, ду ҳамкорашро дар як рӯзи мудҳиш аз таги хоктӯдаи нақб кашида баровард. Ба меҳнат эҷодкорона рафтор менамуд, аз ду комбайн як комбайни нақбкани сохт, пешниҳодҳояш ба муҳандиси корхонаҷоти комбайни нақбкании 4-ПП-2 дар бораи траспортёру занҷираш хуб қабул шуд. Замони ҷанги шаҳрвандӣ дар сохтмони

пешина
аз 263
навбатӣ