Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Алӣ Мӯсаvӣ Раҳимӣ ҳамчунин дар рӯзҳои сарду сербориши касногузар бо тайёра то Хуҷанд рафта, бо роҳи Шаҳристон савора бармегашт, дар хунукиҳои изгиринг роҳи боқимондаи то ағбаро савораю пиёда тай менамуд, дар сар ва хушу хаёлаш ҳамеша ин фикр буд, ки мабодо кор таъхир кунад, бомуваффақият дар вақту соат ба охир расад. Бо чунин андешаҳо роҳҳои пурхавфи морпечро гузашта, дар шароити душвор ба зиндагии вазнини тоҷикони кӯҳистон аҳсану офарин мехонд ва аз Худованд дуою илтиҷо менамуд, ки кори пешгирифтаашонро то охир расонад: «Худоё, ин мардумро аз душвориҳои сафар, аз фалокатҳои даҳшатноки барфу бахман наҷот деҳ. Поко, Парвардигоро, ин одамон солҳои сол азияти роҳро кашидаанд, акнун кушоише ато фармо, то ин заҳматҳои мӯҳлик аз сари онҳо бартараф гарданд, Худоё...» (с.259). Воқеан, ӯ халқи Тоҷикистонро дӯст дошт, дар нақби Анзоб садоқатмандона хизмат кард. Дар рӯзҳои пурхавфу хатар дар миёни коргарон ё дар бари ронандагон нишаста, бо кулли моҷароҳо якҷоя бо ҳам рӯбарӯ мешуд. Он рӯз, ки фазои холӣ, тахминан бист метр бетонпӯш мешуд, бетонро аз сангҳои азимҷуссаи 10-15-тоннагӣ эҳтиёт кардан хоста, дар бари ронандагони булдозеру экскаваторҳои дар сар белҳои худро бардошта нигарон меистод. Дар чунин аҳвол бо коргарону ронандагон якҷоя фаъолият намуд ва борҳо гаштаю баргашта гуфтааст, ки барои ҷомеа ҷон ба ҳалқ гирифтаю бо марг рӯ ба рӯ шудан, якҷоя талаф гаржидан ҳам кори на ҳар шердил хоҳад буд. Дар овардани «Ҷомбу» ҳамроҳи Мафтун ва Шералӣ буда, қуввати дили онҳо шуд. Борҳо тӯфонҳои азиму тармаҳоро гузашта, ниҳоят назди коргарон расида омад. Ҷавони ҳалолкору поквичдонест, ки шиораш сар равад ҳам, кор ба манфиати ҷомеа ҳал шавад, мебошад. То он рӯз, ки нақби Анзоб сохта ва ба истифода дода шуд, аз зӯрии масъулият мӯйҳояш сафед гаштанд.

Нависанда аз дигар образҳои мутахассисони Эрон ҳам —

пешина
аз 263
навбатӣ