Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
гардад, ки деҳқонони асил дар ҳамкорӣ бо олимони тоҷик навъи серҳосили лимӯро ба вуҷуд меоваранд. Ин комёбӣ боиси ба дигар давлатҳо ҷалб шудани лимӯпарварони мо ва омӯзиши таҷрибаи деҳқонони тоҷик мегардад. «Ходим-амак муддати зиёд бо ҳавсалаи том ба парвариш ва такмили навъи «Мейер»-и лимӯ шуғл варзида, аз он навъи наве ба даст овард: навъи лимӯе, ки вай ҳосил карда буд, вазни як донааш ба ҷойи 60-70 грамм 100-120 грамм меомад, дар миёнаҳои моҳи октябр пухта мерасид, яъне аз мавсими муқаррарӣ понздаҳ-бист рӯз пештар ва як бех ниҳол қариб 500 дона мева ба бор меовард».
Муаллифи очерк дар баробари нишон додани фаъолияти илмиву таҷрибавии олимони соҳаи кишоварзӣ, инчунин масъалаҳои истифодаи самараноки замин, аз ҳисоби заминҳои партову ғайрикорӣ ҷудо гардидани қитъаҳо барои кишти ин навъи мева, манфиати ташкили хоҷагиҳои деҳқонии лимӯпарварӣ ва монанди инро низ мавриди баррасӣ қарор додааст. Ин очеркҳо проблемавӣ мебошанд.
Кашфи заминҳои нав, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, бунёди муассисаҳои таълимию касбӣ, тиббию хизматрасонӣ ва амсоли ин дар водии Вахш бештар дар қиссаву очеркҳои Бахтиёр Муртазо «Эҳёи Бешканд» ва «Чашмаи офтоб» тасвир шудаанд. Таваҷҷуҳ намудани адиб ба ин масъала ва инъикоси он ба омилҳои гуногун иртибот дорад. Пеш аз ҳама беҳтар гаштани вазъи зиндагии сокинони мамлакат, рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор аз зиёд намудани майдони заминҳои корам вобаста аст. Ин тадбир дар ин мавзеъ ба сохтмони ҳақиқӣ табдил ёфта, ҷавонони баору номуси кишвар дар он ахлона меҳнат мекарданд. Аз қаҳрамонии чунин афроди заҳматпеша қисса намуданро Бахтиёр Муртазо вазифа ва рисолати худ дониста, ба он ҷиддан машғул мешавад. Аз ҷиҳати банду баст, фарогирии мавзӯъ, шинохт ва маърифати қаҳрамону ҳодисаҳо ва услуби баён ин ду асар бо ҳам монанд мебошанд. Ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё