Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Чанд муддат гузашта бошад ҳам, тазарв роҳи кулбаи вайронаи маро фаромӯш накардааст. Чӣ сон дар ҳайрат намемонӣ, охир, баъзе одамон солҳо нону намакатро мехӯранду дар паси гардиши нахустини зиндагӣ фаромӯшат месозанд». Чунин масъалагузориҳои очеркнавис хонандаро ба андеша водор мекунад...

Дар очерк саҳнаҳои зиёде ба тасвир омадаанд, ки аз дараҷаи воқеияти мушаххас, истифодаи имконоти бадеӣ дарак медиҳанд. Аз ҷумла, бераҳмии шикорчиён ва муносибати нодурусти ашхоси алоҳида ҳангоми шикори ҷонварон дар ин мавзеи зебои кишвар хеле муассир ифода шудааст.

Як бахши публитсистикаи нависанда Бахтиёр Муртазоро очерку қиссаҳое ташкил медиҳанд, ки дар онҳо қаҳрамонии муҳофизони Ватан ва меҳнати мардуми ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷассум ёфтааст. «Ду мактуб», «Одамшинос», «Калтакдори сурх», «Дар шоҳроҳи Ватан», «Ситораи паррон», «Лашкари тоҷик, бикшо бозуи мардонаро», «Чашми бедори Ватан», «Соҳиби ганчинаи маърифат», «Фарзанди Кофарниҳон» аз ҳамин қабил очерку қиссаҳои ҳуҷҷатии муаллиф мебошанд.

Ҳар қадаре ки мо аз рӯзи Ғалаба дур мегардем, ҳамон андоза моҳияту ангезаи он дар вуҷудамон бештар мешавад. Дар ин ҷанг зиёда аз 70 давлати хурду бузурги ҷаҳон ширкат доштанд, ки ба ҳамаи онҳо хисороти ҷонию молӣ расид. Дар ин ҷанги шадиди ҷаҳонӣ баҳри ҳимояи хоки Ватани аҷдодӣ ва таъмини зиндагии пурсаодат садҳо ҳазор фарзандони ғайюр ҷони худро аз даст доданд, ки қаҳрамонии онҳо ҳеҷ гоҳ аз хотирҳо фаромӯш намешавад. Барои далерӣ vu шуҷоатмандии иштирокчиёни ин набарди шадиди ҷаҳонӣ бо унвонҳои зиёди давлатӣ қадр гаштаанд.

Соли 2005 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Шасти зафар», ки маҳсули заҳмати аҳли эҷоди кишварро дар солҳои гуногун дар

пешина
аз 263
навбатӣ