Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Писарак аз навои най бедор шуд. Чашмонашро мо-лида-молида ба оҳанги марғуб гӯш фаро дод. Найна-воз бо лаҳни шево ҳар дам овоз мекард. Савти хуш аз асрори вуҷуди ӯ нохун мезад. Оҳанг равзанаҳои хонаро пур карда, доғи дили кӯчакашро андаке бошад ҳам, ра-вонид, ахиран, ҳастияшро ба ҷунбиш овард. Хона ғарқи оҳанг, оҳанг, оҳанг... Чӣ лаҳзаи барқворе! Ва ин аламу андӯҳашро дидори шарифи дар тасаввураш кайҳо нақшбаста — дар куҷо вохӯрданаш соз ба ёд на-меояд — хиёлан мезудуд. Нолаи най... Ӯ ибтидо наво-ро бо ҷунбиши гаҳвора шунидааст ва ба ҳар зарбаш дил бохта. Пазмони ҷавонмарди чашму абрӯсиёҳ, уқоб-нигоҳ ва пешонифарохест, ки бо китфони васеи паҳла-вонона, лабони моили табассум ва андоми зебояш хира-хира ёд омад. Гӯё соҳиби чеҳраи шинос ҳолиё аз дар медарояд. Дареғо, дилаш лабрези розҳои ногуф-тааст. Ӯ ҷамъи ҳамсолонашро аз назари қиёс мегуза-ронад. Ҳама даст ба дасти падар ба мактаб, тӯю тамо-шо, сайру гашт мераванд. Панҷаи падар силӣ месозад сарашон. Ҳатто Зарифи ҷангараи бедандон падар до-раду вай не. Ҳеҷ кӣ рӯи хушаш намедиҳад. Чӣ гуноҳ дорад ӯ?...

Дурахши ситорагон ба шишаҳои оинасони тирезаи хона мерехт. Маҳтоб дар он миёна кулчаи ширмолро мемонд. Хомӯшӣ. Оҳанг ҳамвора ба дили писарак ҷанг мезад. Вай баэҳтиёт ба чор тарафаш чашм андохта, оҳиста, қадамаке пеш ниҳод, як табақи тирезаро во на-муд, то нолаи найро гӯётар эҳсос бикунад. Ба чӯҷаи

пешина
аз 139
навбатӣ