Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
Нимсере шабоҳат дошт, ки мехост аз таки қаноти падар парвозӣ шавад. Ин орзуи нишотбахш осудааш намегузошт; ба роҳ меандохт, дар суроғи падар нирӯю мадор, фикри тоза, болу пар мебахшид варо.
Насими сабуксайр мӯйҳои ҳалвоирангашро панҷа зад. Ҷуфте ситора дар гӯшаи осмони шаб зебо мерахшид. Ва боз нигоҳаш ба ситорае часпид, ки ҳамранги оташпора як лағжиду нопадид шуд. Лағжиш басо тез буд ва писарак надод, ки он ба кадом самт рафта нишаст. Ситора аз осмон канд? Куҷо ғайб зад он ситора? Баҳор онро ба худ қиёс кард: ситораи танҳо ба ҳукми одами танҳост. Муттако надошта бошӣ, мардумгурез мешавӣ, нигоҳи одамон аз андомат айб меҷӯяд... Бесадо ба ҷойхоб даромад ва дертар аламаш рӯ зад магар, ки чун мӯи оташпечида гуфт:
— Оча, ҳо, оча!
— М-мм...
— Биҳез, оча-а!!!
— Чӣ мегӯй, Баҳор? — аз нидои ногаҳони баҳарос парида хест ҷавонзан. — Ягон хоби бадрӯ дидӣ?
— Не.
— Оча, барои чӣ ситораи осмон канд?
— Ситораҳо ба ранги одаманд. Ҳар одам ба худаш ситора дорад. Агар одам вафот кунад, ситорааш ҳам аз осмон меканад, — ба таври худ шарҳ дод Соҷида. — Ситораи одами хуб рӯшене мешавад, ки аз дур мебинӣ. Одамҳои дилсиёҳу кинадору ҷангара ситораҳои бисёр хира доранд.
— Ту ситора дорӣ?
— Ҳа.
— Бобом-чӣ?
— Дорад.
— Ана, хӯ момаи лангам ситора дора, ки...?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё