Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
— Бас кун, мешунавад-е.
— Ситораи атаам-ку? — маддаи дилашро кафонд писарак ва мунтазири ҷавоб чашм сӯи модар дӯхт.
— Чӣ, ту надидай ситораи атама?
— Не.
— Ҳо-о, ана ҳамон рӯшанаш ситораи ӯ... Соз нигоҳ бикун. Дидӣ? Исунтар биё, мебинӣ. Ҳӯ-ӯ, ситораи калони хушрӯ ҳаст-ку?... Биё, дар ҷои ту соз намебинӣ. — Баҳор лаби домони ҷавонзанро сар надода, ӯро ба миёнаи ҳавлӣ овард.
— Э, ту парвози сӯзанаки тиллоиро дидай? — гапро гурезонд ҷавонзан. — Сӯзанаки тиллоӣ! Оҳ, чӣ хел хушрӯяст...
— Оча, дигар сӯзанак намеқапам. Китоб мехонам, алаф медаравам...
— Чиба? Дар лаби наҳр киштичата сар намедиҳӣ?
— Не, киштичаи коғазӣ даркорам нест. Бачаҳо механданд. Калон бишавам, ба киштии оҳанӣ мешинам, рафта атама меорам, — писарак аз шавку шӯри кӯдакона модарашро тапзанӣ намемонд.
— Маро сувор мекунӣ?
— Не! Оча, хонаи пешинамон хуб набуд?
— Э гаранге, ин ҷо тобистоно оббозӣ карда мегардӣ. Момаат ҳар чизат меорад, чакка мехӯрӣ. Бобот ба лаби захбур ҳарсувор алафдаравӣ мебарад...
— Безорам! Худат рафтан бигир. Дина гӯшома кашид -ку.
Хона барои писарак зиндон буду ҳароина раҳи гурез меҷӯст. Пештар ҳамин гапҳоро аз модар мепурсид, фандаш медод. Аз бозе ӯро аз канори падар ҷудо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё