Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин хел рӯзи саидро тӯй меорояд, тӯй калон. Бас аст, бе падар зистан. Вай бо хоҳишу исрори чандқаратаи раҳбари синф мебоист падарашро ба маҷлиси волидон мебурд. Пагоҳ муаллим пурсад, чӣ мегӯяд? Баҷаи ҳамсояе аз тани Баҳор арзи модарашро расонид: «Акаи маълим-е, очааш гуфт, ки «Баҳор ата надора!» Аҳли синф хандид. Муштони писарак беихтиёр гиреҳ шуд ва ба он бачаи хабаркаш дарафтод. Муаллим фаҳмонд, ки «падарат бошад, ҳамроҳ биёред, гуфтугӯ мекунем». Розигӣ дод. Вале ҳар боре ба модар муроҷиат бикунад, ваъдаи нася мешунавад. Имрӯз таънаи ҳамсинфонаш ҷисми харобаки ӯро бе корд кушт. «Чӣ, ай қоқулҷаҳон ном мекашӣ? Бимур-е, ата надорӣ».

— Оча, атаам хушрӯҳай? — ҳасратолуд, бо гардани каҷ пурсид писарак.

— ...

— Бигӯ, ёдаш кардаам-е.

Ҷавонзан сари калобаашро гум кард. Писарак фиғон бардошт, ки модар бехуда сиррашро пинҳон медорад. Ба дор биовезандаш ҳам, падарашро мековад, меёбад ӯро. Боз тавре вонамуд месозад, ки воқеае рух надодааст. Соҷида ҷигарбандашро ором кунонданӣ буд, баръакс олами таҳ ба таҳ хобидаи Баҳор даргирифт. Ӯ бо исрору талабгорӣ мегуфт:

— Оча, атаам кай меоя?...

— Ту ата-пата надорӣ! Ҳар кӣ фиребат дод, бовар мекунӣ?

— Дар пеши ҳар кас номаша мегирию....

— Кай?

Дина дар паси шиғи ҳота шунидам! Лаби пали пиёз ба очаат гуфтӣ: «Атаат дар аскарӣ» бигӯ, вай чӣ мефаҳмад? Оча, рост бигӯ...

пешина
аз 139
навбатӣ