Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Э, дигар напурс, момоҷавобак!! — бонг зад ба сари писарак модар, то кӯдаки тарсу ҳархела суолҳо надиҳад. — Агар ӯ дар дунёи рӯшан зинда бошад, хабарат намегирад? Ҳм, боз ата мегӯӣ? Ата надорӣ! Як бори дигар бишнавам, мекушамат!

— Дорам, дорам! Ҳолӣ калон бишавам, ҳаматона
ба ӯ шӯр меандозам!

— Ҳап шин, ки тағоят бишнавад, пӯстат меканад!
сари химчаи тутӣ таки бӯрӯро берун кашид ҷавонзан.

— Сад бор пешаш бигӯ. Наметарсам! — пасту дарунсӯз гирист писарак. — Майдаҷак нестам, ки нафаҳмам. Ҳолӣ калон бишавам...

— Дунёра мегирӣ?

— Аввал ҳамон чахдекшикама...

— Чӣ кораш мекунӣ?

— Мошин мехарам, ӯро бо фанд сувор мекунам, лаблаби ҷари баланде ҳай карда ай кабин телаш мезанам.
Баъд, омада бобои ришдарозу момаи дангама мебарам... Мон, зоғҳо бихӯрандашон, зоғҳои гушна!

— Бас, аҳмақи бетамиз, дар даҳани сохтагиат...!- модар химчаи тутро бардошта ба сару гардани писарак шаппидан гирифт. — Ииъ, ба умеди ту аз хешом бигзарам? Ҳе, илоҳӣ тармарг шавӣ, маҳмадоное! Хобу хӯрат ҳамин ҷову хушу ёдат дигар ҷо-а?! Худованди карим, асло қаду бар накашӣ!

Писарак ба азобе аз дасти модари бераҳм канда
гурехт. Рӯи кундаи пӯсидаи чинор гирёну нолон бинишаст. Ситораҳо! Қамнур шудаанд, онҳо. Не, ҳо, ситораи рахшон ба ӯ менигарад, рушантар мешавад, чашмак мезанад. Ҳарчи модар аз пасаш натохт. Аз куҷое
ба толеи пасташ пораяки абре омада-омада ситораро
мепӯшонад. Абр ба хирмани ситора низ пардаи сиёҳ

пешина
аз 139
навбатӣ